Пас аз анҷоми бозиҳо дар варзишгоҳи Қатар ҷопониҳо бо тоза кардани варзишгоҳ, майдон ва нишастгоҳҳо аҳолии ҷаҳонро ба ҳайрат овараданд.
Варзишгарони ҷопонӣ ҳатто утоқҳои либосивазкуниро тоза карда, бо навиштани хатчаҳои махсус, ки дар онҳо ба мизбонон миннатдорӣ баён намуда буданд, арзи сипоси худро расониданд.
Тоза кардани варзишгоҳ аз ҷониби ҷопониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шуд. Чаро онҳо чунин мекунанд?
Дастаҷамъона тоза кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ барои мардуми Ҷопон як одатӣ маъмулӣ аст, аммо тоза кардани варзишгоҳи мизбон ҳамаро ба ҳайрат овард. Дар сӯҳбате яке аз мухлисон чунин иброз доштааст: "Мо ҷопонӣ ҳастем, бинобар ин баъди худ партов намегузорем. Мо ин ҷойро эҳтиром мекунем”.
Маданияти тозагӣ чи тавр дар
шуури ҷопониҳо чой гирифт?
Барои мардуми Ҷопон поксозӣ дар ҳаёт нақши муҳим дорад. "Тозагӣ хуб аст, чиркинӣ бад"-мегӯянд онҳо. Дар тарафи муқобили покӣ қувваи баде меистад, ки марг, беморӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуши ҳаётро дар пай дорад. Барои пешгирии ин падидаҳои нохуш ҷопониҳо поксозии рӯҳию ҷисмиро муҳим мешуморанд.
Бино ба гузориши The New Yorker фарҳанги тозагӣ ва покии мардуми Ҷопон ба китоби "Энгишики" иртибот дорад, ки ҳанӯз соли 927 навишта шуда, аз фармонҳо ва кодекси ҳуқуқии императори Ҷопон иборат мебошад. Дар китоби мазкур аз ҷумла ӯҳдадории ҳар сол тоза кардани Қасри Император дар Киото таъкид шудааст. Ин маросим хусусияти мазҳабӣ дорад. Ҳамасола пеш аз соли нав рӯҳҳои нопок ва бадбахтӣ бо ин роҳ аз қаср ронда мешуданд. Шуруъ аз асри 13 ин анъанаи ҷононӣ дар маъбадҳо ва зиёратгоҳҳои кишвар низ ҷорӣ гашта, ҳамин тавр оҳиста-оҳиста дар байни аҳолӣ паҳн шуд.
Покизагӣ аз гаҳвора
Аврупоиҳое, ки дар асрҳои 18-19 ба Ҷопон рафта буданд, бо дидани тозагии беназири кӯчаҳо ва тартиботи ҷопонӣ дар ҳайрат афтоданд. Ҷопониҳо аз хурдӣ ба поккорӣ одат дода мешаванд. Волидайн уребчаҳои чиркини фарзандони худро аз боғчаҳо мегиранд ва кӯдаконашонро ҳамеша ба тозагӣ талқин менамоянд. Тозакунӣ як қисми раванди таълим дар мактаб ба ҳисоб рафта, кӯдакон аз синни шаш-ҳафтсолагӣ, аз замони ба синфи якум рафтанашон ба ин кор машғул мешаванд. Мактаббачаҳо тоза кардани синфхонаро ҳамчун ҷазо қабул намекунанд, балки ин амал кайҳо формати бозиро гирифта, кӯдакон ба ин кор одат кардаанд. Онҳо синфхонаро на бо чангкашак балки ба воситаи ҷорӯбҳои одӣ тоза мекунанд. Ба ин тартиб, кӯдакон ба ҷомеаи ҷопонӣ ворид шуда, дар вуҷудашон ҳисси масъулиятшиносӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ташаккул меёбад.
Рӯзноманигор Ҳироко Йода, ки дар яке аз мактабҳои ҷопонӣ таҳсил мекард, дар бораи раванди тозакунӣ чунин мегӯяд: "Ҳар рӯз пас аз дарс мо ба чанд гурӯҳ тақсим шуда, бо навбат мизҳоро пок мекардем, фаршро мерӯфтем ва партовҳоро мечиндем."
Яке аз муаллимони мактаби ҷопонӣ ин мавзуъро чунин шарҳ додааст: "Мо мехоҳем ба кӯдакон таълим диҳем, ки агар онҳо чизеро истифода баранд ё дар ҷои муайян вақт гузаронанд, хоҳ дар синф ва хоҳ дар хона, бояд ҳама чизро худашон тоза кунанд. Ин одати мост, барои мо табиист».