Formula novemver 2024
Чаро кӯдакон дер гап мезананд?
855

Оғози суханронии кӯдакон гуногун аст. Баъзе аз онҳо калимаҳои гуногунро то дусолагӣ ба гуфтан шуруъ мекунанд, аммо дар баъзеҳо онҳо ин раванд то чорсолагӣ тӯл мекашад. Алабтта, дер гап задани кӯдак на он қадар мушкили калон аст, аммо ба ҳар ҳол нисбат ба ин кор беаҳаммият набудан лозим аст.

Мувофиқи меъёр то чорсолагӣ кӯдак ба хубӣ фикри худро баён менамояд. То ин муддат онҳо калимоти гуногунро талаффуз мекунанд ва дар бисёр ҳолат ба хатоҳои забонӣ роҳ медиҳанд, аммо ин ислоҳшаванда аст. То чорсолагӣ кӯдак ҳадди ақал бояд аз 800 то 2000 калимаро талаффуз кунаду ба мазмунаш сарфаҳм равад.

Баъзан вақт кӯдакон шеърҳои кӯтоҳ ва ё гапҳои дигаронро такрор мекунанд, ки нишонаи инкишофи нутқи кӯдак аст. Ҳарфҳои «ж», «ш», «ч», «ҳ», «с», «з» ва «қ»-ро ба дурустӣ талаффуз мекунад, аммо ҳарфҳои “л” ва “р”-ро душвор талаффуз мекунанд ва ё умуман талафуз намекунанд.

Барои гап задани кӯдак узвҳои шунавоӣ, биноӣ, шомма ва системаи асаб нақш мебозанд. Онҳо аз яксолагӣ то сесолагӣ инкишоф меёбанд. Агар кӯдак дар чорсолагӣ бо гап задан мушкил дошта бошад, пас ин маънои онро дорад, ки яке аз чунин узвҳо инкишоф наёфтааст ва ё дар инкишоф мушкил дорад.

Кӯдаконе ҳастанд, ки системаи шунавоияшон хуб асту ҳамаи гапҳоро мефаҳманд, вале калимаҳоро дуруст талаффуз карда наметавонанд. Дар ин ҳолат даступохӯрда нашуда, барои дуруст гап задан ба ӯ кӯмак кардан лозим аст. Яъне, барои ҷумлаҳоро дуруст истифода намуданаш ёрӣ диҳед, ҳамроҳаш хуб гап зада, хатоҳояшро ислоҳ намуда, дар ҳолати хато карданаш нахандед, зеро ӯ шарм дошта, минбаъд кӯшиши суҳбат карданро намекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД