arzon replenishment
Чаро кӯдак тарсончак мешавад?
922


Писарчаам бачаи боодобу ширинзабон, вале ниҳоят тарсончак аст. Баландтар гап занӣ, дарҳол гиря мекунад.

Духтарчаи амакаш, ки як сол хурдтар аст, ӯро мезанад. Мо як оилаи калон ҳастем ва кӯдакони бародарони мардакам ба қавле аз кӯдакӣ нонашонро соҳибанд, аз ҳаимн сабаб рафтори писарам ғазаби падарашро меорад. Мардакам дар тарсончакии писарчаамон маро гунаҳкор намуда мегӯяд, ки бачаро мудом тарафгирӣ карда, ҳамин хел “занакфеъл” кардаам.

Метарсам, ки писари беҳунари ман мактабхон шавад, ҳар рӯз аз дигар бачаҳо шатта мехурад. Маслиҳатам диҳед, бо ин бачаи тарсончак чӣ кор кунам?

Сурайё, сокини ноҳияи Шаҳринав

Посух

Албатта ҳар як модар мехоҳад фарзандашро аз бадиву нохушӣ эмин нигоҳ дорад, вале падарон аз меҳрубонии аз ҳад зиёди ҳамсарашон нисбати кӯдак ба ғазаб омада «Зиндагӣ мисли ҷангал аст, гург набошӣ, дар ин ҷангал ҳолат зор мешавад, ту бошӣ, писаратро эрка карда, тарсончак, буздил ва занакмиҷоз карда мемонӣ...” мегӯянд.

Бештар аз сустии писарашон мардоне изҳори норозигӣ менамоянд, ки худашон дар кӯдакӣ аз ӯҳдаи ҳимояи худ баромада наметавонистанд ва баъди ба камол расидан низ ба қаҳрамон монанд нашудаанд.

Аз бача чемпион насозед!

Табиист, ки ҳар як инсон мехоҳад фарзандаш зӯру тавоно ва оқилу доно бошад, вале имкониятҳои табии кӯдакро бояд ба инобат гирифт.

Аз кӯдаки ноҷинсу хаппак ҷанговару паҳлавон сохтанӣ шуда, шумо метавонед руҳану ҷисман кӯдакро шиканед. Баъзе кӯдаконро талаботи аз ҳад зиёди волидонашон дамдузд ва одамгурез менамояд, бархи дигари бачаҳо баръакс ба қавле “ҳаво гирифта” чунон аз худ мераванд, ки бо ҳар баҳона ба сӯи дигарон даст мебардоштагӣ мешаванд. Фарзанди ҷанҷолӣ пеш аз ҳама волидонашро ба ҷон мерасонад. Тасаввур кунед, ки ҳар рӯз аз боғча волидони кӯдаке барои арзу шикоят ба наздатон меоянд ё шуморо ба кӯдакистон ҷеғ мезананд. Магар чунин “паҳлавон” ба шумо лозим аст?

Чӣ бояд кард?

Шумо метавонед писарчаатонро ба ягон мактаби варзишӣ диҳед, вале ин маслиҳат на ба ҳама кӯдакон рост меояд. Кӯдаки тарсончакро машқҳои зиёди варзишӣ ба хасташавии сахти равонӣ гирифтор карда метавонад. Худо накарда кӯдак бемории астма ва ё энурез дошта бошад, пас аз машқҳо бемориаш вазнинтар мешавад.

Аз бачаҳои ҷанҷолӣ гурезед!

Беҳтараш кӯдакро ҳадди ақал барои муддате аз доираи кӯдакони ҷанҷолӣ дуртар баред. Дар ин муддат кӯдак истироҳат мекунад. Ҳамроҳи кӯдакатон бештар бозиҳои аҷиби шавқоварро гузаронед. Шамшербозӣ кунед, шӯхӣ ба шӯхӣ гӯштин бигиред, давед, ҷаҳед, хуллас боварии кӯдакро ба худаш бедор намоед. Саволу ҷавобҳои гуногунро ба кӯдак ёд диҳед, то вақти ба мазоқу масхараи дигар бачаҳо гирифтор шудан ҷавоби сазовор дода тавонад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба фарзандатон дашному ҳақоратро ёд надиҳед, зеро ин одати бад минбаъд дар майнаи кӯдак амиқ ҷой гирифта, ҳақоратчӣ мешавад.

Писарчаатон бо кӯдакони ҷанҷоли дӯстӣ накунад, беҳтар аст. Одатан кӯдакони тарсончак аз ҳамсолони муштзӯрашон вобастагии равонӣ пайдо мекунанд. Кӯдаки ҷангарае бачаи оромтабиатро хафа мекунад, вале баъди чанд муддат ҳамон “Маҳмуд-герой” боз ӯро фарёд мекунад ва бачаяки қобилак бошитоб ба сӯи вай медавад. Волидон бояд ба кӯдакашон фаҳмонанд, ки қадри худро донад ва бо бачае, ки ӯро меранҷонад, бозӣ накунад.

Ба кӯдакони синни томактабӣ фаҳмонидан лозим аст, ки аз дӯстӣ бо писарбачаҳои саркашу бадахлоқ танҳо будан беҳтар аст.
Барои фарзандатон дӯсти хуб ёбед. Пайдо намудани бачаи хуб ба зудӣ ба шумо муяссар нагардад, ғамгин нашавед. Барои кӯдакон дар ин синну сол муносибат дар оила муҳимтар аст. Кӯдак дар хона бо падару модараш хушбахт бошад, зиндагияш ширину гуворо мешавад.
Эгоизм–нишонаи заифист, на тавоноӣ, барои ҳамин ба кӯдакатон усулҳои муҳофизатиро на барои ҳифзи худаш, балки барои муҳофизат аз дигарон омӯзонед. Дар дили бачаҳо аз хурдсолӣ эҳсоси барои ҳифзи арзишҳои муҳими зиндагӣ мубориза бурданро бедор кардан зарур аст, то номбардорони Ватан гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД