arzon replenishment
Чаро Иблис Одам (а)-ро саҷда накард?
1687

 

Худованд Одамро аз гили хушки сиёҳи бадбӯ ва тағйири шаклёфта ба сурати инсони устувор офарид. Сипас аз рӯҳи худ дар ӯ дамид ва он гоҳ насими зиндагӣ дар ӯ вазид ва ӯ инсони комил шуд. Баъдан, Худованд ба фариштагон дастур дод, ки Одамро саҷда кунанд ва онон фармонбардорона хостаи Парвардигорашонро иҷобат намуданд ва барои бузургдошти Одам ба сӯи ӯ шитофтанд ва дар муқобилаш саҷдакунон пешониҳои худро бар хок кашиданд, ба ҷуз Иблис, ки аз дастури Парвардигораш даст кашид ва ба маъсияти Парвардигор гаравид ва «сарпечӣ кард ва такаббур варзид ва ҷузви кофирон гашт».

Худованд иллати худдорӣ кардани Иблисро аз ӯ пурсид ва аз ӯ хост, ки ҳикмати сарпечии худро баён кунад ва фармуд: «Чӣ чиз туро аз саҷда намудан ба офаридаи дасти ман манъ намуд, оё такаббур варзидӣ ва ё худро баланд мартаба пиндоштӣ?» (Сод, 75)

Иблис чунин пиндошт, ки аз ҷиҳати унсурӣ беҳтар аз Одам аст ва ҷавҳари поктар аз ӯ дорад ва гумон кард, ки касе дар қадр ва манзалат ба пои ӯ намерасад ва рақиби ӯ намешавад ва ба макони болотар аз ҷойгоҳи ӯ намерасад. Аз ин рӯ, гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз хок». Ӯ бо ин суханон исёнашро ошкор намуд, мухолифат ва дурӯғи бофтаи худро амалӣ намуд ва нисбат ба дастури Парвардигораш такаббур ва аз саҷда намудан ба офаридаи дасти Худованд канорагирӣ намуд ва узви кофирон гашт. Худованд ба сабаби сарпечии шайтон ва мухолифати ӯ бо амраш Иблисро ҷазо дод ва ба ӯ гуфт: «Пас, аз биҳишт хориҷ шав, ба ростӣ, ки ту рондашудаӣ ва то рӯзи қиёмат лаънат бар ту аст». (Хиҷр, 34-35)

Иблис аз Парвардигор дархост намуд, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ муҳлат диҳад ва зиндагонии ӯро то рӯзи зинда шудани мурдагон тӯлонӣ намояд. Худованд (бахше аз) хостаи ӯро иҷобат намуд ва ба ӯ гуфт: «Ту аз муҳлатдодашудагонӣ, то рӯзи вақти маълум (нафхаи аввал)». (Хиҷр, 37-38)

Ҳангоме ки хостаи Иблис иҷобат шуд ва ӯ ба орзуи худ расид, фазли Худовандро шукргузорӣ накард, балки неъматашро бо куфрон ва фазлашро бо инод ва инкор ҷавоб дод ва гуфт: «Худованд! Ба иллати ин ки маро гумроҳ намудӣ, дар роҳи рости ту ба камини онон менишинам, то ононро фиреб диҳам ва дар гумроҳ намуданашон аз ҳеҷ кӯшише фурӯгузорӣ намекунам (ва сипас) аз пеши рӯ ва ақиб ва росту чапашон ба тарафи онҳо меравам ва ту бештари ононро шукргузор нахоҳӣ ёфт». (Аъроф, 16-17)

Худованд Иблисро аз раҳмати худ дур кард ва ба ӯ муҳлат дод, то ба орзуяш бирасад ва ба ӯ гуфт: «Роҳеро, ки баргузидаӣ, дар пеш гир ва дар равиши баде, ки хоҳони онӣ, пеш бирав, (бо савт ва оҳанги худ) ҳар кадом аз ононро метавонӣ таҳти таъсири худ қарор деҳ ва барои ғалаба бар онон савора ва пиёдаи худро фаро бихон ва дар мол ва авлоди онон шарик шав». (Исро, 64)

Ба онон ваъдаҳои дурӯғин бидеҳ ва зеҳни ононро ба орзуҳои дур аз дастрас машғул намо, аммо ҳаргиз байни ту ва он бандагони мухлисе, ки ақидаи саҳеҳ ва азми қавӣ доранд, озодат нахоҳам гузошт, то бар онон тасаллут ёбӣ, султае барои онон надорӣ, зеро дилҳои онон ба ту тамоюле надорад ва гӯшҳояшон суханони туро нахоҳад шунид. Аммо ҳар чӢ ту дар гумроҳ кардан ва дар фитна андохтани одамиён бикушӣ, ҳисобат сангинтар ва ҷазоят дардноктар хоҳад шуд ва «Албатта ман ҷаҳаннамро бо ту ва тамоми ононе, ки дунболарави ту бошанд, пур оҳам намуд».

Фариштагон бар Одам саҷда бурданд ва бартарии ӯро пазируфтанд ва иқрор намуданд, ки мақоми ӯ бартар ва аз онон ба Худованд наздиктар аст. Аммо шояд гумон менамуданд, ки дониш ва дарк ва фаҳми онон бештар аст, аз ин рӯ, Худованд аз илми худ ба Одам ато намуд ва аз нури худ ба ӯ сарозер кард ва номҳои тамоми мавҷудотро ба ӯ ёд дод ва ин мавҷудотро ба фариштагон арза намуд ва гуфт: «Номҳои ин мавҷудотро ба ман хабар диҳед, агар рост мегӯед», то натавонӣ ва нуқси онҳоро ошкор намояд ва онон низ бидонанд, ки ҳикмати Худованд чунин иқтизо намудааст, ки Одам шоистатар ба баёни номҳо бошад ва ҳақ ва шоистатар ин аст, ки ҷонишинии ӯ мавриди инкор қарор нагирад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД