arzon replenishment
ЧАРО ФАРЗАНДОНИ ЯК ОИЛА ХИСЛАТҲОИ ГУНОГУН ДОРАНД?
27.05.2021
Оила
1443

 Шумо фарзандонатонро баробар дӯст медоред ва ҳаргиз онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намекунед. Ҳамеша кӯшиш менамоед, ки дар доираи қудрат ва тавоноии худ барои ҷигарбандонатон шароитҳои беҳтарини зиндагиро фарҳам оваред.

Бачаҳоятон фақат аз як дег хӯрок мехӯранд, як хел либос мепӯшанд, таълиму тарбияашон низ аз ҳамдигар фарқ намекунад, вале чаро хислату хӯяшон ин қадар аз ҳам муттафовут аст? Яке гапдарову меҳрубон, дигарӣ баръакс қайсар ва гарданшах, саввумӣ бошад, масхарабози таппа тайёр аст.

Мехоҳед донед, ки чаро бачаҳои дар як оила ба камол расида ин қадар гуногунхислат мешаванд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Аз як буғча даҳ либос

Мардуми тоҷик мақоли аҷибе доранд: “Аз як буғча чанд хел либос мебарояд!” Ин масали халқӣ ҳикмати бузурге дорад ва “чанд хел либос” гуфта, гуногунии хислату хӯйи фарзандони як хонаводаро дар назар доранд.

Воқеан, чаро бачаҳои аз як падару модар ба дунё омада ин қадар аз ҳамдигар фарқ карда, хислату хӯйяшон тамоман мутафовут мешавад? Ин савол олимони немисро низ ором нагузошт ва барои фаҳмидани сабаби гуногунхислатии бардарону хоҳарони ҳамхун як тадқиқоти хеле аҷиб гузарониданд.

Олимон чӣ мегӯянд?

Тадқиқоти мазкур дар Маркази илмию тадқиқотии омӯзиши тағйиротҳои демографии (FZDW) назди Университети Франкфурт гузаронида шуда, дар он зиёда аз даҳ ҳазор хонандагон аз 150 мактаби Олмон ширкат варзиданд. Ба тадқиқот танҳо бачаҳои бародар ё хоҳари аз худашон калон ё хурд дошта роҳ дода мешуданду халос. Олимон маҳз ҳамин типи кӯдаконро мавриди таҷриба қарор дода, қариб як сол бо онҳо кор карданд ва баъди гузаронидани сӯҳбату санҷишҳои зиёди психологӣ ниҳоят ба хулосае омаданд, ки тартиби таваллуди фарзандон дар шаклгирии хислату хӯйи онҳо нақши хеле муассир мегузорад.

Чаро калонӣ гапдарову хурдӣ якрав мешавад?

Қариб дар тамоми оилаҳо фарзанди калонӣ дасти рости падару модар ба ҳисоб меравад. Волидон ба фарзанди нахустинашон бештар эътимод намуда, бо ӯ мисли як одами калонсол муносибат мекунанд ва дар ҳама кор бо ӯ маслиҳат намуда, нуқтаи назарашро ба инобат мегиранд. Масъулияти назорат кардан аз болои фарзандони хурдӣ низ маъмулан бар дӯши бародар ё хоҳари калон аст. Аз ҳамин сабаб, бачаҳое, ки фарзанди нахустини хонавода ҳастанд, нисбат ба дигар ҳамсолонашон, ки дар оила фарзанди дуюм ё сеюманд, тезтар ба камол мерасанд. Онҳо хеле масъулиятшинос буда, кӯшиш мекунанд, ки аз чорчӯбаи муқарраркардаи падару модар берун набароянд. Фарзанди калонӣ дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд мерасанд. Сарфи назар аз мақом ва касбу корашон онҳо ҳамеша нисбати волидон ва аҳли хонаводаи худ хеле меҳрубон буда, барои наздиконашон тамоми кори аз дасташон меомадаро мекунанд. Бо ин ҳама бартарӣ фарзандони калонӣ як камбудӣ доранд ва он на барои худ, балки тамоми умр барои аҳли оила зиндагӣ кардан аст.

Рақобати бародарона

Рақобат дар ҳама ҷо, ҳатто дар байни бародарону хоҳарони ҳамхун низ вуҷуд дорад. Вақте ки падару модар ба бародар ё хоҳари калонӣ нисбат ба дигар фарзандонашон бештар бовар карда, аз болои хурдтаракон назорат карданро ба ӯ вогузор менамоянд, ин ба фарзандони дуюму сеюму чорум бисёр сахт мерасад ва осори худро дар тарбияи равонии онҳо мегузорад. Бачаҳо эҳсос мекунанд, ки ҳарчанд онҳо аз як падару модар ба дунё омада, аз як дег хӯрок хӯранд ҳам, барои волидонашон ҳамеша хоҳар ё бародари калониашон дар ҷойи якум меистад ва онҳо “одамони дуюмдараҷа” ҳастанд. Дарки ҳамин ҳақиқати нонавиштаи зиндагӣ боис мешавад, ки худбаҳодиҳӣ (самоотценка)-и фарзандони баъдӣ паст шуда, онҳо нисбат ба фарзанди калонӣ беҷуръаттар ба воя мерасанд ва дар зиндагӣ қуллаҳои баландро фатҳ карда наметавонанд. Бачаҳое, ки дуюм ё сеюм ба дунё омадаанд, як умр ба кӯмаку дастгирӣ ниёз доранд ва мехоҳанд ҳамеша дар зиндагӣ ба касе такя намоянд. Албатта на ҳамаи фарзандони дуюму сеюм дар зиндагӣ номуваффақ ҳастанд, иддае аз бачаҳои дуюму сеюм тавлидшуда ҳам билохира комёб гашта, “ман”-и худро меёбанд, вале ин муваффақият ба онҳо хеле ба сахтӣ даст медиҳад.

Кенҷатойи эркача

Муҳаббати аз ҳама бештар дар оила насиби фарзанди хурдӣ мегардад. На танҳо падару модар, балки тамоми бародарону хоҳарон низ дар атрофи “кенҷатой” парвона ҳастанд ва ягон хоҳиши ӯро дар замин намегузоранд. Муҳаббату ғамхории аз ҳад зиёд боис мешавад, ки фарзанди хурдӣ эркаву худпараст (эгоист) ба воя расида, ба ғайри манфиати шахсии худаш дигар дар бораи чизе фикр намекунад. Новобаста ба каме сабуксар буданашон роҳи ин тоифа дар ҳаёт маъмулан тахту ҳамвор аст. Заҳмати зиёд накашанд ҳам, ситораи бахт як умр ҳамсафари кенҷагиҳо гашта, онҳо бе ягон мушкилӣ ба орзуву ҳавасҳои дилашон мерасанд.

Кенҷагиҳо дар зиндагӣ бепарвофалак, хушчақчақ ва шӯху меҳрубону дилёб мешаванд, вале вақте гап сари манфиати шахсиашон меравад, ҳаргиз ба касе гузашт намекунанд. Онҳо худашонро хеле сахт дӯст медоранд ва дар ҳама гуна вазъият метавонанд бо тундиву дағалӣ ҳаққи худро ҳатто аз даҳони шер ҳам кашида бигиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД