arzon replenishment
Чаро човандозро куштанд?
16.04.2020
Oila.tj
3798


Боз як човандозро душманонаш дар пайи як моҷарои кӯчак бераҳмона ба сару рӯяш бензин рехта, оташ заданд.  

Ин ҳодиса чанд рӯз қабл дар шаҳри Ҳироти Афғонистон рух дода, боиси марги як ҷавонмарди 38 сола гаштааст.
 

 

Ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, ки Ганҷовуд ном дорад, мард Муҳамадзабир ном дошта, падари се фарзанди хурдсол буд. Дар як маъракаи човандозон бо Абдулҷад ном марди калонсол  муносибати сард намуда, аз тарафи одамонаш баъди анҷоми маъракаи бузкашӣ ба қатл расонида шуд. Мо он рӯз дар хона будем. Аз самти маҳалла дуди ғализ ба машом расид. Зуд берун баромад, дидем, ки Муҳаммадзабирро як гурӯҳ одамон гирд карда, ба сару рӯяш бензин мерехтанд ва ба  зиддияти одамон нигоҳ накарда, ӯро бо аспаш оташ заданд. Баъди он, ки мард дар гулхани сӯзон дар мегирифт, онҳо зуд ҷои ҳодисаро тарк карданд. Ҷасади дар оташ сӯхташудаи човандозро як рӯз қабл аз беморхона берун овраданд.

Мақомоти Афғонистон ин ҳодисаро пайгирӣ намуда, ҷинояткоронро сари вақт дастгир карданд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД