Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани боз як моҷарои хунин дар байни ҷавонон хабар додааст. Ба иттилои ин мабаи мӯътамад шоми 12-уми декабр, тахминан соатҳои 21.30 дар ноҳияи Панҷ байни ҷавонон муноқишаи хунин ба амал омада, дар рафти ин моҷаро ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорон рақиби 19-солаашро ду корд задааст.
Ҷабрдидаро бо захмҳои хуншор ба бемористон бурданд, нисбати ҷавони авбош бошад, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Тез-тез сар задани чунин муноқишаҳои хунин дар байни насли ҷавон бисёр ташвишвар аст. Имрӯз ҷавонони мо бо сар задани хурдтарин нофаҳмӣ ва моҷаро ба даст корду камон гирифта қасди ҷони якдигар менамоянд. Насли калонсол-падару модарон, омӯзгорон, масъулини идораи ҷамоат, раисони маҳалла, пешвоёни дин, рӯзноманигорон, дар маҷмӯъ тамоми аҳли ҷомеа бояд ба муқобили ин падидаи номатлуб мубориза баранд, вагарна оқибаташ вой хоҳад буд...
Шумо сабаби афзоиши ҷинояту ҷинояткориро дар байни ҷавонон дар чӣ мебинед?
Барои пешгирии кордкашию занозанию авбошӣ дар байни ҷавонон чӣ бояд кард?
Назари худро нависед!