Маҳсулоти лозима:
500 грамм сабзкаду (кабачок), 1 тухм, 1 дона пиёз, 3 қошуқ орд, намак, мурч, 3-4 қошуқ равғани растанӣ.
Тарзи таҳия:
Кадучаро аз турбтарошаки сӯрохиҳояш васеъ гузаронида, обашро ҷабида партоед. Ба он пиёзи аз турбтарош гузаронидаро бо тухми хом, намак ва каме мурч илова кунед. Мувофиқи табъ метавонед хуштамъкунандаҳои дигарро низ андозед. Ордро кам-кам андохта, нағзакак якҷоя кунед, то ки лӯнда назанад. Равғанро дар тоба тафсонида, аз хамири кадудор якқошуқӣ рехта, дар тоба сурх кунед.