Formula september
Чакану атлас бонувони тоҷикро ба фаришта табдил медиҳад, вале...
861

Либоси миллии тоҷикӣ, махсусан чакан ва адрасу атлас чунон зебо ва дилкаш аст, ки занро ба мисли фаришта зебо месозад. Бо дидани занону духтарони чакану атласпӯш дили кас ба фараҳ меояд, вале бархе аз бонувони тоҷик ба либоси бегонагон бо ҳавас нигариста, тақлидкорона онро ба бар мекунанд.

Либоси сиёҳ аз куҷо пайдо шудааст?

Бисёриҳо либоси сиёҳро моли ислом медонанд, вале дар асл ин тавр нест. Дар давраи Исои Масеҳ либоси сиёҳ барои руҳониён ба расмият даромад ва он чун нишонаи худопарастӣ ва азодорӣ (мотам) шинохта мешуд. Ин пӯшок бо забони русӣ “скуфи камилавка митра” ном дошт. Бо мурури замон ба ин либос тағйиротҳои нав ба нав ворид мешуд.

Занҳои тоҷик сатр не, фаранҷӣ мепӯшиданд

Бархе иддао мекунанд, ки аз замонҳои қадим занҳои тоҷик сатр мепӯшиданд, аммо ин андеша низ ғалат аст. Дар асл то Инқилоби Октябр занҳои тоҷик фаранҷӣ мепӯшиданд. Бояд гуфт, ки натанҳо тоҷикон, балки умуман занҳои Осиёи Миёна- Мовароуннаҳр пештар аз фаранҷӣ ва пироҳани дарозу васеъ истифода мебурданд. Бояд гуфт, ки ин либос ҳам аз Аврупо дохил шудааст. “Фаранҷӣ”, яъне аз Фаранг-Фаронса. Ҳоло ҳам дар баъзе мамлакатҳои Араб, Афғонистон ин либос ба мушоҳида мерасад.

Баъди Инқилоби Октябр зану мард баробарҳуқуқ ҳисобида шуда, фаранҷипартоӣ сар шуд. Солҳои 50- 60-уми асри ХХ то солҳои навадум дар ҷумҳурии мо занҳо аз рӯймол ё худ саргираки калон истифода мебурданд ва бо як гўшаи он рӯйи худро аз марди бегона панаҳ мекарданд. Занҳои калонсол яктаки махсус ё худ ҷелаки ба ҷелаки мардона монандро ба сар мегирифтанд ва бо он рӯяшонро панаҳ мекарданд. Имрӯз ба ҷойи рӯймолҳои калони зебо “сатр” гӯён, матои халтамонандро ҷавондухтарон ба сар мегиранд, ки он либоси миллии мо набуда, тақлид ба дигарон аст. Дар фасли гармо бинобар матои синтетикӣ будани сатр зарари он зиёд мегардад, ба монанди рехтани мӯйи сар, пайдошавии хориш ва дарди сар.

Ҳиҷоб моли бегона буда, аз дигар қавму халқиятҳо ворид шудааст. Афсӯс куртаҳои васеи остиндарози тоҷикӣ, ки бонувони деҳотии тоҷик ва умуман занҳо дар бисёр минтақаҳои Осиёи Миёна мепӯшиданд, қариб ки аз байн рафтааст.

Ҳар қавму халқу миллат бо тарзу услуби хоси либоси худ фарқ мекунад. Вақте сухан дар бораи сатру ҳиҷоби навбаромад меравад, баъзе бонувон ба хашм омада, гапҳои беасос мегўянд, ки гўё ин либосҳо аҷдодӣ бошанд, вале дар асл сатру ҳиҷоб моли бегонагон аст. “Одаму либос, хонаву палос” гуфтаанд, шарт нест, ки гаронбаҳо ва пурсанг бошад, вале зан бояд либосе ба бар намояд, ки ба ӯ мезебад. Мо мардуми кишвари соҳибистиқлол мебошем, расму оин ва тарзи либоспӯшии худро дорем, бинобар ҳамин ба дигарон набояд тақлид кунем, зеро тақлид моро ба бегонапарастӣ мебарад. Либоси миллии аҷдодии мо хеле хубу шинаму зебо аст. Ба бегонагон тақлид накарда, чакану атласу ардас пӯшед ва мислим фаришта зебо шавед, бонувони азизи тоҷик!

Бӯрии ҲАБИБУЛЛО, ш. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД