sebiston july new
Чӣ хел нофи кӯдакро сиҳат намоям?
625

Баъди тавлиди тифл ҳамроҳаки кӯдакро момодоя мебурад ва ҳамин тавр, ҳайти берун аз шиками модар барои навзод шурӯъ мешавад.

Баъди қайчӣ кардани ҳамроҳак момодоя пучаки махсусро ба нофи кӯдак мечапонанд. Ҳангоми буриш 2-3 см аз шикам дуртар мебуранд ва пучакро ба боқимондаи ноф васл мекунанд. Он табиатан баъди 5- 6 рӯз ё баъзан зиёдтар хушк шуда меафтад.

Дар давоми хушкшави ҳамроҳак муҳим аст онро ба хубӣ нигоҳубин намуд ва якчанд амал аст, ки онро бояд анҷом дод. Аз ҷумла, ҳангоми пӯшондани уребча эҳтиёткор буда аз тарафи пеш лаби онро таҳ карда лозим аст, то ба ноф нарасад.
Баъди як ё ду рӯз ноф хушк мешавад. То он замон онро даст задан ва ё бо ҳаракати тез расидан мумкин нест. Ин амал барои навзод дарднок аст.

Баъди хушк шуда, канда шудани ноф ҳам каме хун дидан мумкин аст. Аз ин ҳаросидан лозим нест, чунки хатарнок нест. Танҳо онро бо маводи антисептикӣ безарар кардан лозим аст ва нигоҳубин кардан муҳим аст, то газак нагирад.

Дар тавалудхонаҳо барои табабати дурусти ноф тавсия дода мешавад, ки бо маҳлули "Перекис" ва "Хлорофилипт"-и 2% тоза карда малҳами “Левомистин”-ро молидан лозим аст.

Мабодо гирди нофи кӯдак сурх шуда, варам кунад ва бӯи бад кунаду хунравӣ дошта бошад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷойи буридашудаи нигоҳубини дуруст карда нашудааст. Дар ин ҳолат ҳатман ба духтури кӯдакон муроҷиат кардан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД