Дар берун… Ҳавлии Карим-ака аз одамони фотеҳахон пур буд. Охир, нав се рӯз мешавад, ки фарзанди ягонаашро ба хок супурдааст.
Падар сахт алам дошт: «Ҳоло ҷои гап не, маъракаҳои ҷигарбандаш тамом шаванд, баъд медонад, ки бо ҷӯраҳои писараш чӣ гуна ҳисобӣ кунад. Ноодамҳо, ҳар коре карданд, онҳо карданд. Писараш солим буд, чизе наменӯшид. Ҳамон бегоҳи шуми соли нав онҳо ӯро фарёд карда бурданду ин фоҷеа ба амал омад. Ин ҷо сирре ҳаст. Ҳоло истед…”.
Дар беруни қабристон бачаҳо доду фарёдкунон мол мечаронданд. Ногаҳон баррачаи яке аз онҳо ҷастухезкунон ба қабристон даромад. Писарбача барои баргардонидани он аз қафояш давид. Аз чӣ бошад, баррача баромадан намехост, ба ин тарафу он тараф ҷаҳида, бозӣ мекард. Ногаҳон чашми писарбача ба гӯри навлобидашуда афтид, ки паҳлуяш шикоф шуда буд. Дурусттар диққат дод, дар даруни он сафедие меҷунбид. Писарбача дар ҷояш шах шуда монд. Сафедӣ боз ҷунбиду бо овози шунаво нолиш кард. Писарбача яқин кард, ки он ҷо махлуқе зинда аст. Ӯ фарёдзанон ҷониби деҳа давид… Аммо касе ба суханаш бовар намекард. “Писарбача танҳо ба қабристон даромада тарсидааст, мулло оварда хонондан даркор” мегуфтанд. Боз як рӯзи дигар гузашт. Писаракро дуохонӣ менамуданд, аммо ӯ беист такрор мекард: «Ман шунидам, овози одам буд, ӯ меҷунбид. Бо чашмонам дидам».
Ин овоза дар деҳа зуд паҳн гашт. Ба гӯши Каримака ҳам расид. Писараке дар қабристон садои нолиш шунидааст. Ин мисли афсона менамуд. Ӯ ба ин суханон чандон аҳамият надод. Ғами писараш барояш басанда, ҳоло барои шунидани чунин афсонаҳо рағбат надорад.
Пирамард аз гирумони меҳмонҳо хаста шуда, шом зуд хобид. Қарибиҳои саҳарӣ хоб дид. Хоб дид, ки писараш дастонашро имдодталабона ҷониби ӯ дароз мекунад. Парида аз ҷояш хест. Дилашро эҳсоси ногуворе фишор медод. Ба аҳли хонавода чизе нагуфту таҳорат кард, намоз гузорид. Намехост сӯи қабристон равад. Ӯ ба қабри писараш нигариста наметавонист. Аммо чизе гӯё ӯро ба он сӯй мехонд. “Шояд ба дуову фотеҳа ниёз дорад” гӯён, худро ба даст гирифту марди ҳамсояро фарёд карда, роҳ ҷониби қабристон пеш гирифт.
Ба сари гӯр расиданд. Як паҳлуи гӯр шикоф буд. Падар аз ҳайрат дар ҷояш шах шуд. Ҳамсоя низ ҳайратзада буд. Хеле вақт дам назада истоданд. Ногаҳон аз даруни гӯр садои нолиш шунида шуд. Як лаҳза пас боз такрор шуд. Дигар онҳо ба чизе нигоҳ накарда, болорҳои гӯрро канда, як тараф партофтанд. Писараш, бо сару рӯи хоколуду дасту пои ба хун оғӯшта ва кафани пора-порашуда якпаҳлу хобида буду оҳиста-оҳиста нолиш мекард…
Соате пас алакай дар беморхона ва тамоми хешу табор дар гирдаш ҷамъ буданд. Чанд рӯз пас пурра ба худ омад, дасту пойҳояш бомаром сиҳат мешуданд. Аммо аз даҳшате, ки панҷ рӯз зинда дар дохили гӯр буд, гап зада наметавонист. Хеле вақти дигар ӯро дуохонӣ намуданду баъди пурсишу хулосабарорӣ сабаби чӣ тавр зинда дар гӯр шуданаш маълум гардид…
Салим духтури ҷавон буду хеле соҳибэҳтиром. Бисёр шахси ботамкин буду ҳеҷ гоҳ аз машруботу нӯшокиҳои спиртӣ истифода намекард, зеро ҳам гуноҳ будани онро медонисту ҳам аз ҷиҳати тиббӣ зарар доштанашро. Ҳамон шаби соли нав дӯстонаш маҷбур ба ӯ машрубот доданд. Онҳо мехостанд, ки аз ин баъд Салими таърифӣ ҳам дар қаторашон бошад, зеро чашми ҳасуд тоқати дидани обрӯи касеро надорад. Онҳо ба машрубот маводи нашъадор омехта карда буданд. Ва Салим, ки боре аз онҳо истифода накарда буд, истеъмол кардан замон машрубот зуд ба дилаш таъсир мекунад ва кори дилро тамоман суст мекунад.
Вақте пагоҳии соли нав ӯро аз кӯча бо лабу даҳони кабудшудаву мисли мурда бехуд меёбанд, насанҷида ба аҳли хонаводааш зуд хабари маргашро мерасонанд. Қиёфаи онвақтаи Салим дар ҳақиқат мисли шахси мурда буд. Ҳама ба марги ногаҳонии Салим шубҳа доштанд, вале ба хотири он ки ин гап ба гӯши деҳаҳои ҳамсоя нарасад, ӯро зуд ба хок супориданд.
Аммо насибаш, ки ҳоло дар рӯи замин будааст, ӯ боз баргашт. «Дӯстон»-и хиёнаткору ҳасудаш аз деҳа фирор карданд. Салим бошад, зиндагиро давом дода истодаасту шукронаи бори дувум ба зиндагӣ баргаштанашро мекунад, зеро ин бахт на ба ҳама даст медиҳад.
И. РАҶАБОВ