Боздошти ҷавоне, ки варзишгари муваффақ Муҳаммадалӣ Саъдуллоевро корд задааст
14.01.2026
Оила
83

 

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини 19 солаи шаҳри Кӯлоб Сулаймон Одинаевро ҳамчун гумонбар дар куштори варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев боздошт карданд. Бар зидди Одинаев барои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гаштааст ва авбошӣ бар асоси ду банди Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, ӯ ба корд задани се нафар гумонбар дониста мешавад.
Ёдрас мешавем, ки размкори ҷавони тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев шаби 11-уми январи соли равон дар пайи муноқишаи як гурӯҳ ҷавонон дар яке аз толорҳои бозиҳои компютерии шаҳри Кӯлоб аз захми корд ба ҳалокат расида, ду нафар ҳамроҳонаш ҷароҳат бардоштанд.

Ба навиштаи расонаҳо, ин баҳси тақдирсӯз, ки бо хунрезӣ ва марги варзишгари муваффақ анҷом ёфт, аз рӯйи телефони мобилӣ сар шудааст ва гӯё Муҳаммадалӣ Саъдуллоев телефони мобилии Сулаймон Одинаевро барои ба ҷое занг задан гирифта, бозпас надодааст.
Яке аз наздикони Сулаймон Одинаев дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки Муҳаммадалӣ Саъдуллоев бо дӯстонаш Сулаймон Одинаевро азият додааст ва ӯ маҷбур шудааст, ки худро бо корд муҳофизат кунад, вале пайвандони варзишгари ҷавонмарг фарзияи мазкурро рад карда гуфтаанд, ки ба ин иддао бовар надоранд, зеро Муҳаммадалӣ як ҷавони беозор буд.
Дар наворҳои аз дурбинҳои назоратӣ гирифташуда дида мешавад, ки шаш нафар вориди марказ шудаанд ва яке бо корд ба се нафар ҳамла мекунад. Пас аз ҳамла Муҳаммадалӣ қалбашро бо дасташ медорад ва аз бинои марказ берун мешавад. Ба гуфтаи шоҳидон, ӯ тақрибан дусад метр поинтар рафта, баъд аз пой афтодааст. Варзишгари захмиро ба бемористон бурдаанд, вале табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бахшанд. Мутаассифона, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев пас аз як соат дар бемористон ҷон дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД