arzon replenishment
Боз як оила бе падар монд
3060
Боз як оила бе падар монд

Рӯзи гузашта тахминан соати 11:20 дар деҳаи Равоти шаҳри Конибодоми вилояти Суғд садамаи маргбор рух дод, мегӯяд сомонаи расмии ВКД.
Аслонов Иқбол Обидхоновичи 21 сола пушти чамбараки автомобили тамғаи “Опел-Астра” қарор дошт. Ӯ сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом буда, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Равоти шаҳр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Норматов Носирҷон бархӯрдааст. Носирҷон 32 сол дошта, ӯ низ дар ҷамоати деҳоти Пӯлотин зиндагӣ мекунад.
Мутаассифона, садама бе талафоти ҷонӣ нашуд. Мусофир Ялдошов Нормати 59 - сола ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, мусофири автомашинаи дигар Сангинбердиев Умед Ҷамолович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД