arzon replenishment
Боз як мактаббачаи дигар гум шуд
4451

Рӯзи Душанбеи ҳафтаи гузашта (18 ноябр )-и соли равон дар шаҳри Душанбе навраси 14 сола бе ному нишон гум шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки Асламов Ҳасанҷон соли таваллудаш 1 феврали соли 2005 аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе бе иҷозати модар фирор кардааст. Аз хона бо баҳонаи хариди маҳсулот аз мағоза баромада, бо нақлиёти роҳ ба шаҳри Душанбе омадааст. Қади Ҳасан тақрибан 1,50-1,55 метр буда, рӯзи гум шудан аз хона бо нимтанаи (коженка) чармини рангаш сиёҳ ва ҷемпери сурх баромадааст.

 


-Танҳо шумо не, тамоми тамошобиноне, ки ба боғи ҳайвонот меоянд, ҳайрон мешаванд, ки чӣ хел як зани деҳотӣ натарсида, пушти шерро мехорад ё панҷаи хирсу гургро ба дасташ гирифта, бозӣ мекунад.

Зане, ки шеру палангро афсун мекунад. Ҳатто синну соли онҳоро як ба як медонад.

 


Замоне, ки наздикони ӯ барои чоп ва нусхабардории аксҳояш ба таҳхонаи назди Сиркбуда рафтаанд, шахси масъули чоп Ҳасани гумшударо аз рӯйи расм шинохтааст. Тибқи гуфтаҳои ӯ, Ҳасан телефони дастиашро дар он таҳхона фурӯхтааст, вале симкорт дар дохили он набудааст, танҳо мактубҳои дохили он исбот намудаанд, ки телефон мансуби Асламов будааст. Падари Ҳасан то гум шудани ӯ дар Русия муҳоҷир будааст ва рӯзи Панҷшанбе баробари шунидани хабари нохуш оид ба фарзандаш, ба Тоҷикистон омадааст. То ҳол дар борааш ягон хабар нест.

Хонандагони азиз агар дар бораи Ҳасан Асламов ягон маълумот дошта бошед ва ё дар куҷое ӯро дидаед, илтимос ба рақамҳои зерин: 904-13-25-13; 918-81-09-81 занг занед ва ё дар шаҳри зери мавод нависед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД