Якбора бе ному нишон гаштани одамон як падидаи маъмулии замони муосир гашта, қариб ҳар ҳафта хабари гум шудани ин ё он шахс ба гӯш мерасад. Ташвишовараш он аст, ки бештар занону духтарон якбора ғайб мезананд.
Имрӯз нисфирӯзӣ хабари нопадид гаштани боз як духтари зебову қадраси тоҷик дар сомонаҳои интернетӣ пайдо шуд. Ин хабари нохуш аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ-ро ба ташвиш овард ва барои фаҳмидани тафсилоти ҳодиса ба бародари Сабринаи 15 сола занг задем.
Дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИЛА. ТЧ Шабнам Тоҳирӣ бародари гумшуда, чунин хабар дод: Хоҳарам Мирзоева Сабрина соли таваллудаш 2005, рӯзи 29-сентябр аз хонаамон, ки дар маҳаллаи Испечак 1, М-4-и шаҳри Душанбе мебошад, бе ягон сабаб аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст.
Бино ба гуфтаи бародари Сабрина, онҳо бо ду апаашон дар маҳаллаи Испечак зиндагонӣ мекунанд. Падару модарашон дар Русия қарор доранд ва Сабрина низ чанд моҳ пеш аз Русия ба Тоҷикистон баргашта буд, чунки дар яке аз мактабҳои Русия таҳсил мекардааст. Сабаби гум шудани хоҳарам то ҳол норавшан аст.
Аз ҳамаи мардуми кишвар даъват ба амал меорем, ки дар пайдо намудани ин гулдухтари нозанин кӯмак намуда, ба рақамҳои 935105808 занг зананд.