arzon replenishment
Бойдухтарҳои гумроҳ Қисми 1
08.06.2022
ОИЛА
2458

Ё чаро Аниса сабукпою Муниса нашъаҷаллоб шуд?

Ҳар субҳ баъди хондани намози бомдод ба модарам занг мезанам, ин барои ман чандин сол аст, ки одат шудааст. Байни Душанбе ва зодгоҳам дусаду панҷоҳ километр масофа ҳаст, ташвишҳои кору рӯзгор имконам намедиҳанд, ки зуд-зуд аз аҳволашон хабар гирам. Аз ин рӯ, ҳар субҳ занг мезанам, аз ҳолашон бохабар мегардам ва тинҷу осуда рӯзамро оғоз мекунам. Дирӯз модарам баъди пурсупос гуфт:

-Аниса дар беморхона аст, хабараш гир, савоб мегирӣ.

Ман ба модарам ваъда додам, ки баъди кор албатта ба аёдати Аниса- хеши дури модарам меравам….

                               Санамҳои тамошоӣ

Бо гирифтани номи Аниса пеши назарам симои Муниса низ омад, зеро ман ин ду хоҳарони ниҳоят нозанинро ҳеҷ гоҳ бе ҳам тасаввур намекардам. Онҳо аз хешони дури модарам ҳастанд, ба қавли додарам, ки ин хешовандони модарамро умуман хуш надорад, тагу болояшонро кобӣ, шояд дигар ягон риштае моро намепайвандад, аммо инро ба кӣ мегӯӣ? Ба кампири модари ман, эҳе хестӣ, ки хобӣ…

Модарам пир шудаанду зудранҷ, ба хотири наозурдани он кас ҳама хоҳишашонро иҷро мекунем.

Он рӯз то анҷоми кор фикрам банди Аниса буд, зеро корпусе, ки ӯ хоб буд, барои беморони саратон буд.

Падари Аниса, Набиҷон ҳамеша дар вазифаҳои равғанӣ кор мекарду хеле сарватманд буд. То ҷое медонам, ӯ писари амаки бобои модариям будааст, аммо зуд-зуд меҳмони хонадони бобоям мешуданд. Омадани амаки Набиҷон ва зани соҳибҷамолаш Чеҳрахонум на танҳо барои мо, балки барои аҳли кӯча ид буд. Амаки Набиҷон дар хонаи бачаҳо ба воя расида буд, зеро падару модараш барвақт ин оламро тарк гуфта, писари ягонаашонро сағир мондаанд. Ӯ кӯдаконро хеле дӯст медошт, ҳар омаданаш қанду қурси зиёде оварда, аз сари кӯча ба кӯдакон тақсим карданро сар мекард. Духтарони нозанинашро бошад, аҳли деҳа ба тамошо мебаромаданд. Чеҳрахонуми нозанину босалобат аз мардуми кавқоз буду ӯ низ дар хонаи бачаҳо ба воя расида.

Бобою бибиям бо омадани онҳо дастархон меоростанду хурсандӣ мекарданд, аммо ба зиндагии зебои ин хонадон чашм расиду амаки Набӣ ба духтараки ҷавоне ошиқ шуда, ҳамроҳи ӯ ба пойтахт кӯч баст, аз Чеҳрахонум бошад, ҷудо шуд…

                     Ба қасди зиндагӣ

Амаки Набиҷон духтаронашро зиёд дӯст медошт, аз зани наваш соҳиби ду писар шуда бошад ҳам, оилаи аввалашро хуб нигоҳ мекард, Мунисаву Аниса мисли пешин шоҳона зиндагӣ мекарданд. Чеҳрахонум барқасди Набиҷон дар қасри барои ӯ сохтаи падари духтаронаш шавҳар кард. Акнун Анисаю Муниса гоҳ бо падар буданду гоҳи дигар бо модар, дар урфият мегӯянд, ки «Барраи думодараро гург мехӯрад» ва ҳамин тавр ҳам шуд. Духтарони эркачаю олуфтасатанги Набиҷон ба роҳи каҷ қадам ниҳоданд.

Ба хотири сарвату давлат ва дороии падарашон онҳоро гирифтанд, Набиҷон ба домодҳояш мошину хона тӯҳфа кард. Муниса ба қочоқи маводи мухаддир даст зада, чанд бор зиндон шуду хонаву дарашро аз даст дода, фарзандонашро ба шавҳараш дода, бе ному нишон ғайб зад, Аниса бошад, шавҳар дошта бошад ҳам, бероҳагардӣ мекард. Шавҳараш ӯро зиёд дӯст медошту аз нангу номуси зиёд майхора шуд. Исмат ҳар гоҳе маст мешуд, табару корд гирифта, ба занаш ҳамла мекард. Аниса ӯро ба милиса месупорид, аммо боз ҳамон Аҳмадаки порина буд. Боре дар мастӣ хушдоманашро, ки ӯро ҳақорат дод, бо табар зад кушту ба муддати тӯлонӣ зиндон шуд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД