Ин зебосанам зодаи Кипр асту дар олами муд муваффақ гаштааст, вале ҳеҷ гоҳ абрӯвонашро намечинад ва ба тартиб намеорад, баръакс вай ҳамеша барои ғафстару сиёҳтар гаштани авбурвонаш кӯшиш ба харҷ медиҳад.
София бо ин амалаш фарҳанги кишвари худро муаррифӣ кардан мехоҳад. Вақте София ба ИМА муҳоҷир гашта буд, бо сабаби қадпаст будану либоси арзон пушидан ва аслу насабаш пайваста мавриди таҳқиру озори ҳамсинфонаш қарор мегирифт.
Айни замон София аз таҳқиру танқидҳое, ки дар сомонаҳо мешунавад, намеранҷад, зеро муътақид аст, ки симояш хеле зебо аст.