Боксёрҳои тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки ба хотираи устоди варзиш Болат Темиров аз Қазоқистон баргузор гашт, ба Ватан бо 5 медал баргаштаанд.
Тавре ки Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар додааст, варзишгарони мо дар ин мусобиқа соҳиби 2 медали нуқра ва 3 мадали биринҷӣ гаштаанд.
Мусобиқаи мазкур аз 1-ум то 5 март дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор гашта, варзишгарон аз рӯи 13 вазн бо ҳам рақобат намуданд. Дар мусобиқа 100 нафар варзишгарон аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия иштирок доштанд.
Тоҷикистонро 7 нафар муштзанҳо муаррифӣ намуда, Хусравхон Раҳимов (-57кг) ва Шаҳбоз Ҳаитов (-80кг) соҳиби медали нуқра гаштанд. Абубакр Муродзода (-60кг), Замирбек Қаюмов (-80кг) ва Парвиз Каримов (-92кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.