arzon replenishment
Бо тилло бахт намехарӣ (ҚИСМИ 2)
1814

Ноз як одат дошт, гапи ҳақро мегуфт, на падарашро рӯи хотир мекарду на модарашро на манро! Ман бо ханда гуфтам, “аййй як телефон карда пурс, канӣ ҳамон занак зинда аст? Шарт буд ҳамин гапҳоро гуфтан?”

-Бале, шарт буд, ман росташро гуфтам, гуфтам, ки тиҷорати ман аз рўи шавҳари ту нест, аммо ў маро нигоҳубин мекунад!

Ба Ноз гуфтам, ки “хайр, занаш хабар ёфта бошад, хуб шуд, акнун мисли зану шавҳар зиндагӣ кунед”, аммо ў абрўвони зебояшро дарҳам кашида гуфт:

-Не, ман қарор додам, ки гирад шавҳари кали безебашро! Даркор нест!

Ба дугонаам маслиҳат додам, ки як марди безанро ёфта, қонунӣ ошкоро шавҳар кунад ва ў қабул кард.

Найрангҳои қамбағал

Баъди як соли ин воқеа Ноз ошкоро ба шавҳар баромад, ҷавон аз як ноҳияи дурдаст буду аз Ноз панҷ сол хурд, занаш аз бемории саратон вафот карда будаст. Ноз барояш ҳама шароитро фароҳам овард, мошинаш харид, дар тиҷораташ ҳам дасташ гирифт, домоди кўҳнапўшаки мо ба як ҷавонмарди хушлибоси зебо табдил ёфт. Ноз бисёр мехост ба падару модари шавҳараш шинос шавад, вале Қурбон мегуфт, ки чор фарзанди ятимам бо волидонам зиндагӣ мекунанд, агар зангириямро шунаванд, хафа мешаванд. Қурбон ҳар ҳафта пушти мошинашро пур карда, ба хабаргирии пайвандонаш мерафт. Ноз пеши худ мақсад гузошт, ки барои фарзандони шавҳараш хона мехараду баъди донишҷў шуданашон онҳоро ба он ҷо мекўчонад. Ман аз омади бахти дугонаам хурсанд будам.

Як рўз Ноз занг зада гуфт:

-Дил як сюрприз, хушдоманаму хусурам дар Хоҷа Оби Гарм дам мегиранд. Ин бегоҳ Қурбон ба наздашон мераваду шаб бо онҳо мемонад, ману ту саҳари барвақт хабаргирияшон меаравем, онҳо медонанд, ки писарашон зан гирифтааст.

Ман Нозро аз райъаш гардонданӣ шуда гуфтам, ки “ба Қурбон бигў, баъди осоишгоҳ онҳоро ба хонаат биёрад”. Вале ў пояшро дар як мўза тиқонида, сюрприз карданӣ шуд. Субҳи дигар ў пушти мошинашро пури маводи хўрокворӣ кард, барои хусураш телефону халату сачоқу боз ким чиҳои дигар, барои хушдоманаш гарданбанди тиллоиву як олам чиз гирифту мо рафтем ба Ҳоҷа Оби Гарм. Он ҷо як ҳамкурсамон кор мекард, ба воситаи ў мо ҳуҷраи даркориро ёфтем, аммо Салоҳ бо ҳайрат гуфт, ки ин ҷо одамони калонсол нестанд, Ноз. Мо дарро куфтему онро ба рўямон Қурбон кушод, аз пушташ як занаки пастқомати безебак ҳам баромад. Ноз бо ҳайрат ба онҳо нигоҳ мекард…

Як зани бе бовар

Баъд маълум шуд, ки зани Қурбон зинда будаасту аз кирдори шавҳараш бохабар, Ноз бехудона поён мефаромаду Қурбон вайро зорӣ мекард. Оқибат занаш ҳам фаромаду ғайричашмдошти мо гуфт:

-Апаҷон, ман зид нестам, ки шавҳарам шуморо гирифтааст, илтимос ўро напартоед,- Ноз дар ҳолати шок қарор дошт, аввал гирист, баъд хандид ва ҳама чизи пушти мошинро фаровард, гарданбандро аз сумкааш бароварда, ба дасти зани Қурбон доду ба рўи Қурбон туф карда гуфт:

-Гум шав, ки набинамат…

Ноз дигар мошин ронда натавонист, ман мошинро ронда, то хонаи худам омадам ва ўро ором кардам, аҷибаш ин ки ў дигар намегирист ва чизе намегуфт, танҳо такрор мекард, “боз истифодаам карданд...”

Қурбон як моҳи дароз давиду давид, вале Ноз дигар ўро набахшид, ки набахшид. Ноз баъди ин воқеа панҷ соли дигар зиндагӣ кард, дигар ба касе бовар надошт, сафар мекарду дилхушӣ…

Як шоми зебои баҳорон модари Ноз занг зад, ки духтараш дар беморхона аст, ман дав-давон рафтам. Ноз бар асари сактаи қалб дар синни сиву ҳаштсолагӣ олдамо падруд гуфт.

Нози ман, Нози ғамкашидаи ман, сарвату давлаташ парешон, хонаву дараш ҳайрон…

ДИЛАФРЎЗ

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД