Миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Канвони Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳуми мутақобила ба имзо расид.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират, ҳуҷҷати мазкур барои ҳамкориҳои судманди ҳарду ниҳод заминаҳои нави мустаҳкам гузошта, татбиқи мушаххаси ҳамкориҳои дар ин Ёддошт зикргардидаро инъикос мекунад.
Тавре сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо қайд кардааст, “имзои Ёддошти тафоҳум имкон медиҳад, ки мо бо таърих, қонунҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва фарҳанги мардуми Корея ошно шавем. Инчунин омӯзиши забони кореягӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ройгон дар сатҳи баланд бояд ба роҳ монда шавад”.
Ҳамчунин, Нодирзода Иматшо қайд намудааст: “Мо хоҳишмандем, ки ҷониби Корея бо мақсади омӯзиши таҷрибаи соҳаи муҳоҷират барои кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ташкил намояд. Имзои Ёддошти тафоҳум дар ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират ва Донишгоҳи давлатии Канвон саҳифаи нав мекушояд”.
Гуфта мешавад, ки ин чорабинӣ хоҳиши ҳарду ҷонибро барои таҳкими робитаҳо ифода мекунад ва як қадами муҳим барои рушди минбаъда мебошад.
Ҳадафи ин Ёддошт ошкор кардан ва рушди истеъдодҳои барҷаста, ки ба ниёзҳои махсуси саноатии минтақаи Канвон ҷавобгӯ мебошанд ва мусоидат ба таъмини устувор ва ҷойгиркунии коргарони хориҷ, эҳёи иқтисоди маҳаллии Корея аст.
Қарорҳои фармоишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ ва таъмини қувваи корӣ, пешбурди лоиҳаҳои мубодилаи иттилооти кадрӣ, технология ва саноат барои рушди мутақобила, гузаронидани тадқиқоти муштарак вобаста ба татбиқи арзишҳои минтақа дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ амалӣ карда мешавад.
- Ёддошти тафоҳумро сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо ва ректори Донишгоҳи давлатии Канвон дар Ҷумҳурии Корея, доктор Ким Кванг Лае ба имзо расониданд,- меафзояд манбаъ.