Arzon accountant
Бибии ришдор
10.08.2024
ОИЛА.ТҶ
795

Сокини 72-солаи Қазоқистон Муҳтабар Тораева муддати 35 сол аст, ки риши худро наметарошад.

Тавре пиразани ришдор нақл кардааст, дар синни 34-35-солагӣ риш бароварда, баъдан мӯйлаб низ пайдо кардааст. Замоне, ки Тораева ришу мӯйлаб баровард, оиладор буду писару духтар дошт, вале шавҳараш тамоми солҳои замзистӣ зани ришдори худро дастгирӣ намуда, ҳеҷ гоҳ таънаву маломат накардааст.

"Шавҳарам бо ман ифтихор намуда мегуфт, ки касе мисли ман зан надорад. Ришамро нигоҳубин мекарду инъоми Худованд медонист",- нақл кардааст зан.

Муҳтабарбибӣ ҳеҷ гоҳ кӯшиши тарошидани ришашро накардааст, зеро замоне як зани куҳансол тарошидани ришашро нишонаи хурӯҷи беморӣ донистааст. Набераву абераҳои пиразан бо камоли майл риши бибии худро тозаву озода нигоҳ медоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД