Ман аз кӯдакӣ ошиқи синамо ҳастам ва ҳамин ки имкон пайдо шуд, ҳатман ба кинотеатр сар зада, филмҳои навро тамошо мекунам. Дирӯз низ маро хумори кино гирифт ва роҳи кинотеатри “Кайҳон”-ро пеш гирифтам. Гумон доштам, ки дар ин толори замонавӣ аз тамошои шоҳкории навини синамогарон лаззат мебарам, вале баъдаш аз интихоби худ сад бор пушаймон гаштам. Мепурсед чаро?
Дар эълон қайд шуда буд, ки ба толор танҳо тамошобинони синну солашон аз 16-сола боло роҳ дода мешаванд, аммо чеҳраи аксари дар “Кайҳон” будагон ба назар хеле ҷавонтар аз ин синну сол менамуд. Иллате надошт, агар онҳо оромона филмро тамошо карда, лаззат мебурданд, вале ин бачаҳои наврас чунон бо овози баланд байни худ гап зада механдиданд, ки садои қаҳрамонони филм қариб, ки шунида намешуд.
Аз қатори пушт низ як духтару ду писар аз оғоз то анҷоми филм ҳамдигарро ба қавле “прикол” карда, қиқир-қиқир хандиданд. Ба назар чунин менамуд, ки ин ҷавонон барои тамошои филм не, балки ба кинотеатр барои ғайбат кардан ва масхарабозӣ омадаанд. “Бародарон, бас будагист. Намондед, ки киноро бо завқ тамошо кунем. Филм ба шумо маъқул набошад, беҳтараш ба дигарон халал нарасонида баромада равед” гуфта бошам ҳам, гапҳои ман аз як гӯши тамошобинони ҷавони масхарабоз даромада аз гӯши дигарашон баромада мерафт ва аслан аҳамият намедоданд, ки чӣ мегӯям.
Хуллас, ба ҷойи аз тамошои филм лаззат бурдан, баръакс асабҳоям бисёр хароб шуданд ва бо табъи гирифта аз “кинотеатр баромадам. Нархи чиптаҳо дар ин толор нисбати тамоми толорҳои дигари синамо қиматтар буда, тамошои як филм тахминна 80-100 смонӣ меафтад.
Ҳайронам, охир чаро масъулини “Кайҳон” фикри ба даст овардани пулро мекунанду назорати намудани тартибу интизоми тамошобинонро дар толор ба роҳ намемонанд? Шояд онҳо мақоли “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” -ро шиори худ намудаанд?