Formula novemver 2024
Бероҳагии арӯсашро аз ҷӯраам пинҳон кунам?
19.02.2022
ОИЛА
2204


Ду сол пеш ҳангоми дар хизмати ҳарбӣ қарор доштанам бо ҷавоне шинос шуда, мисли бародар бо ҳам наздик шудем.

Фарух аз шаҳр буду ман бошам, аз деҳот. Барои ба охир расидани хизматамон рӯзҳои башумор боқӣ монда буд. Дар ҳамин шабу рӯзҳо ҷӯраам хурсандона гуфт, ки волидонаш ӯро бо духтаре фотиҳа кардаанд. Ният дошт, ки баъди аз хизмат баргаштан тӯй барпо мекунад. Ман ҳам хизматро тамом карда, бо дӯстам хайрухуш кардаму ба деҳа баргаштам. Рӯзе тасодуфан фаҳмидам, ки арӯсшавандаи ҷӯраам аз ҳамсояқишлоқи мо будааст ва ҳатто ҳамроҳи мо дар як мактаб таҳсил мекардааст. Вақте кӣ будани арӯси Фарухро фаҳмидам, табъам хира гашт. Гап сари он аст, ки духтари интихобкардаи волидони ҷӯраам, духтари бероҳа аст. Инро аҳли деҳа медонанд. Ростӣ, дар ҳоли хеле ногувор қарор дорам. Намедонам дар ин бора ба ҷӯраи ҷониам чӣ хел хабар диҳам. Ба фикри шумо ман бояд чӣ кор кунам?
Расул

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД