Arzon april 2022
Бемории саратон ҷони фарзанди сардухтурро "гирифт"
607

 

Ҳазрат Мирови 31-сола, писари сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич, ки гирифтории бемории саратон буд, дунёи фониро тарк кард.

Ин ҷавон, ки ҳанӯз орзӯяҳои зиёде дар дил дошту натавонист бо иллати беморӣ онҳоро амалӣ созад, бо худ ба дили хок бурд ва доғи фарзандро ба дили падар гузошт. 

Шиддат гирифтани бемории саратон нигаронии ҷомеаи ҷаҳонро ба миён овардааст. Вале табибони саратоншинос мегӯянд, ки дар сурати сари вақт ба табобат машғул шудан ба бемории мазкур хатари хуруҷи онро кам мекунад.

Саратоншинос

Фарҳодҷон Ваҳобов, саратоншинос дар робата ба ин беморӣ ва табобати он гуфт:

-Аз таҷрибаи беш аз 25 соли корӣ гуфта метавонам, ки аксар шаҳрвандон оид ба ин намуди беморӣ маълумоти нисбатан кам доранд, ки ба дараҷаҳои вазнин расидан дардро пинҳон мекунанд, ё ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз сабабҳои саривақт ба духтур муроҷиат накардани бемор беоризаҳои ҷиддӣ пайдо шудани беморӣ бошад, дуюм беаҳамиятии худи бемор ва тавсияи нодурусти атрофиёнаш аст. Вақти он расидааст, ки бояд ҳамагӣ бояд ба саломатии худ беаҳамияти зоҳир накунанд. Зеро тибби муосир дар ҳоли рушд аст ва барои пешгирии тамоми бемориҳо, аз ҷумла, саратон ва муолиҷаи он табобат вуҷуд долрад.

Тибқи омори Созмонҳои ҷаҳонии тандурустӣ сол то сол ин намуди беморӣ меафзояд ва суръати афзоиши он дар як сол 1,5 – 2,0 %- ро ташкил медиҳад. Аммо дар баробари афзоиш роҳҳои наву муосири табобат низ роҳандозӣ шуда истодааст, ки ин хавфи нигарониро аз байн мебарад.

Сабаби асосии беморӣ дақиқ нест, аммо омилҳо вуҷуд дорад

Сабаби пайдоиши бемории саратон чист? Ин саволест, ки метавон аз аксар нафарон шунида мешавад. Вале то имрӯз аз ҷониби ягон саратоншиноси ҷаҳонӣ дақиқ карда нашудааст.

Вобаста ба ин масъала ҳамсуҳбати мо чунин гуфт:

- Аз ҷониби марказҳои таҳқиқотӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмии ҷаҳонӣ то имрӯз дақиқ карда нашудааст, ки сабаби аслии бемории саратон дар чи аст. Вале баъзе аз омилҳоро метавон номбар кард, ки эҳтимоли сар задани ин беморӣ вуҷуд дошта бошад, ки ин ҳам тарзи нодурусти ҳаёти солим, махсусан, истеъмоли нодурусти ғизо, фарбеҳии аз ҳад зиёд, худмуолиҷакунӣ, асабониятӣ метавонад, дар организми инсон ин бемориро пайдо созад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як нафар тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, ҳатман соле як ё ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Баъзе беморон баробари дараҷаи бемориро фаҳмидан пеши худ хулосабарорӣ мекунанд, ки “дарди ман кӯҳна шудаасту табобат надорад”. Аммо ин ақида комилан нодуруст, ки ба рӯҳияи шахси бемор таъсири манфӣ мерасонад. Беморон бояд натиҷаи ташхисро оромона қабул карда, фавран бо табобат машғул шаванд. Бемороне, ки дар марҳилаи 3-4-уми саратонро қарор доранд, тавассути маводи баландсифат ва кимиётерапия табобат меёбанд. Агар замоне аз саратон  наҷот ёфтан фақат  орзуи бемороне буд, ки имкони ба хориҷа рафтан доштанд, айни ҳол шаҳрванди одӣ дар кишвари худамон, дар ҳатто дар вилояти худамон шифо ёфта метавонад, агар зудтар ба табобат фаро гирифта шавад ва табобатро худсарона қатъ накунад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД