arzon replenishment
Баскетболбози афсонавӣ
331

Барои ҳар як намуди варзиш касоне лозиманд, ки қобилияти фавқулода доранд.

Масалан, дар футбол бозигар бояд маҳорати хуби давидан, ҳарифро фиреб додан ва зарбаи хубу дақиқ заданро дошта бошад. Аммо дар баскетбол дар баробари чусту чолокӣ қади баланд яке аз омилҳои асосии муваффақият аст.

Сун Мин Минг (23 августи 1983, Баян, Чин), аз зумраи маъруфтаринҳои дунёст, ки 2 метру 36 сантиметр қад дорад. Ӯ аз 15-солагиаш ба баскетбол машғул мешавад.

Сун бинобар беморӣ соли 2005 ба ИМА меравад. Баскетболбозро бо пуле, ки аз хайрия ҷамъ шуд, табобат карданд ва ӯ шифо ёфт.

Пас аз он дар чанд дастаҳои баскетболи лигаи поёнии ИМА бозӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД