Дастаи “Барселона” дар бозии даври 35-уми Ла Лигаи Испания дар мавсими 2025/2026 бар рақиби асосиаш “Реал Мадрид” бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард ва пеш аз муҳлат қаҳрамони Испания гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, пас аз ин пирӯзӣ бошгоҳи каталонӣ нишондиҳандаи худро дар “Эл-класико” беҳтар намуд. Ба иттилои рӯзноманигори испанӣ Алексис Мартин-Тамайо, ҳоло “Барселона” ва “Реал Мадрид” дар таърихи рақобатҳои байнихудӣ ҳар кадом 106 пирӯзӣ доранд. Аз соли 1902 то имрӯз дастаҳо 264 маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Аз ин шумора 106 ғалаба насиби “Барселона”, 106 пирӯзӣ ба ҳисоби “Реал” ва 52 бозӣ мусовӣ анҷом ёфтааст. Танҳо аз рӯйи тӯбҳои задашуда “Реал” каме бартарӣ дорад - 447 бар муқобили 438.
Бо ин ғалаба “Барселона” шумораи имтиёзҳояшро ба 91 расонида, пеш аз муҳлат унвони қаҳрамонии Испанияро ба даст овард. “Реал Мадрид” бо 77 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. То анҷоми мавсим ҳанӯз се давр боқӣ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки барои “Барселона” ин унвони 29-уми қаҳрамонӣ дар Ла Лигаи Испания маҳсуб мешавад. Қаблан, бошгоҳи каталонӣ дар мавсимҳои 1929, 1944/45, 1947/48, 1948/49, 1951/52, 1952/53, 1958/59, 1959/60, 1973/74, 1984/85, 1990/91, 1991/92, 1992/93, 1993/94, 1997/98, 1998/99, 2004/05, 2005/06, 2008/09, 2009/10, 2010/11, 2012/13, 2014/15, 2015/16, 2017/18, 2018/19, 2022/23 ва 2024/25 ба қаҳрамонӣ расида буд.
Ҳамчунин, “Барселона” 28 маротиба дар зинаи дуюм мавсимро дар Ла Лига ҷамъбаст намудааст, ки натиҷаи рекордӣ маҳсуб мешавад.