Падарам одами хуб ҳастанд, вале намоз нахонданашон маро асабӣ мекунад. Гоҳо бо он кас сари ин мавзуъ ҷангҷол мекунам.
Модарам мегӯянд, ки фарзанд ҳақ надорад падарашро ба ягон кор маҷбур кунад. Мехоҳам ба ин масъала равшанӣ андозед.
Фарҳод, н. Рашт.
Посухи домулло ҷамолиддин Хомӯшӣ:
Шумо ҷавони намозхон боше, ҳам ҳанӯз ба дарки асли Ислом нарасидаед, вагарна падаратонро озор намедодед. Падару модар ду гавҳари ноёб ҳастанд, ки дар ҳама ҳолат эҳтироми онҳо воҷиб аст. Агар онҳо дар ҳолати куфр ҳам бошанд, бояд бо онҳо муносибати некӯ дошта бошед.Қуръони карим мефармояд: “...Ва бо онҳо дар (маишати) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор” (Сураи “Луқмон”, ояти 15). Бинобар ин, падаре, ки намоз намегузорад, нисбати ӯ камтарин беэҳтиромӣ боиси гуноҳ аст. Лекин падару модар бояд пойбанди дастуроти динӣ бошанд, то ин ки фарзандон дар беҳтарин рӯҳияи инсонӣ тарбият шаванд.