Зодаи Ҳисори зарнисорам. Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки шаҳрванди Русия ҳастам.
Дар он ҷо зану фарзанди рус дорам, вале ҳар моҳ ба падару модар ва зану фарзандонам пул мефиристам. Занам шунидааст, ки ман ин ҷо зану кӯдак дорам, бо модарам ҷанҷол бардошта, дили кампирро сиёҳ кардааст. Ин занаки шаттоҳ «падари бевабозатон дигар шуморо на ба донишгоҳ дохил мекунаду на пулатон мефиристад» гуфта, кӯдаконамонро ҳам аз ман дилхунук кардааст. Духтарам ва писари калониам занг зада бо нафрат бисёр суханҳои нешдорам гуфтанду телефонро хомӯш карданд. Дар Ватан овоза кардаанд, ки гӯё ман ғуломи ишқи як беваи рус гашта, занамро сар дода бошам.
Ману Алишер якдигарро дӯст медорем. Ба хотири пул тӯйро кор кардан ошиқам ба Русия коркунӣ рафт.
Дар асл чунин нест, ман аз аввал занамро дӯст намедоштам, аммо хотири падару модарам ба ҳама ҳиллаю найрангҳояш сабр мекардам. Иғвоангезиҳояш диламро батамом аз ин занаки беандеша хунук карданд ва барқади занам дар ин ҷо зани рус гирифтам. Ба худ аҳд намудаам, ки то ақли зани ахмақам ба ҷояш наояд, ба хона бар намегардам!
Шавқат Шарипов, муҳоҷир