Ишқи бачагӣ
Синфи ҳашт мехондам, ки ба ҷавони ҳамдеҳаам аз синфи болоӣ ошиқ шудам. Нигоҳҳои гарму меҳрбори ӯро ба сӯям дида дилам дар қафаси синаам намеғунҷид. Ӯ бачаи қадбаланди ситорагарм ва меҳрубоне буд, оқибат аз чашмакбозӣ ба сӯҳбат гузаштему зуд-зуд бо ҳам вомехӯрдем. Зафарро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштам, ишқи мо дар деҳа овоза шуду падару модарам маро зери назорат гирифтанд. Зафар мактабро хатм карда ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи бонуфузе супорид. Ман ҳам саводи хуб доштам, аммо волидайнам маро хондан нагузоштанд. Бесаброна вақтҳои таътил ва ба деҳа омадани Зафарро интизор мешудам.
Мешунидам, ки падару модараш ҳамеша мегуфтаанд, ки “ӯ зеби писари мо надорад қадаш паст аст”. Ман духтари безеб набудам, аммо пеши қомати баланди Зафар хеле паст будам. Зафар бошад маро ҳамеша ором мекард, ки ту ба ҳарфи ҳар кас гӯш макун ман туро ба занӣ мегирам.
Мактабро хатм кардаму касе ба хонаамон ба хостгорӣ намеомад.Зеро ҳама аз қазияи ишқи ману Зафар огоҳ буданд.
Хостгори маҷбурӣ
Як рафиқи падарам маро барои писараш келин карданӣ шуду падарам гуфт, ки тайёриятонро бинед фардо хостгор меояд. Аммо хостгорон наомаданд…
Писари рафиқи падарам, ки дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекарданд ба падару модараш гуфтааст, ки “ман он духтарро намегирам ӯ бо як ҷавони ҳамдеҳааш мегардад, ман аз кӣ камам, ки таги табақи як нафари дигарро мегирам?!” Падарам инро шунида маро зери мушту лагат гирифт ва рост хонаи падару модари Зафар рафта гуфтааст, ки писари шумо духтари маро бадном кардааст хоҳед нахоҳедӯро омада келин мекунед!
Мо дар хона ду духтару чор писар будем, бародаронам бо шунидани ин кори падарам хашмгин шуданду борони ҳақоратро ба сари ман рехтанд. Фишори модарам баланд шуд, модаркалонаммао малдомат кард, ки:
Касе бо ошиқӣ шӯ кард,
Деги сияҳа дар рӯ парӯ кард…
Шармандаамон кардӣ!
Баъди як моҳ падару модари Зафар ба хонаамон хостгорӣ омаданду тӯяки хоксоронае ороста маро ба хонаи дилдорам бурданд. Барои ман фарқ надошт, ки барои ман ҷиҳози кам бурданду ҷиҳози кам овардам, касе хафа шуду касе не, ман хурсанд аз он будам, ки ба дилдодаам расидам. Зафар ҳамагӣ се рӯз бо ман истоду ба дарс рафт. Ман аз дарди ҳиҷрон месӯхтам, вале сарам хам хизмати хусуру хушдоманамро мекардам...
Як умр ҷудо
Шавҳарам донишгоҳро хатм карду дар Душанбе ба кор оғоз намуд, гумон доштам, ки маро бо худ мебарад, аммо тушбераро хом шумурда будаам. Хушдоману хусурам ҳарфе дар ин бора намегуфтанд, бечора шавҳарам ба хотири моро ҳар ҳафта дидан ба маркази вилоят, ки ба ноҳияи мо наздик аст ба кор даромад. Он ҷо дар хонаи иҷора менишаст, аммо хусуру хушдоманам, ҳатто як бор намегуфтанд, ки ҳамсаратро барои як ҳафта ба шаҳр бар.
Апаву хоҳарҳои шавҳарамро хонадор кардем, се додарашро низ. Ман соҳиби чор кӯдак шудам - ду писару ду духтар, аммо ҳамоно ҷудо зиндагӣ мекардам, дар як моҳ як бор ё ду бор ҳамсарамро медидаму халос. Барои ман аламовараш он буд, ки хушдоманам ду писари дигарашро хона сохта ҷудо кард. Ҳевари дуюмгиямро аз ҷойи кораш ба дигар ноҳия фиристоданд, ба занаш гуфт, ки хонаву даратро қуфл карда ҳамроҳи ҳамсарат рав! Аммо мо понздаҳ сол боз зиндаҷудоем, шояд дурӣ аз шавҳару фикру азобҳоям буданд, ки асабию бемор шудаму лоғару бенур. Шавҳарам бошад худашро пур карда ба ҷавонмарди зебое табдил ёфтааст. Фарзандонам аз падарашон дида ба бобову бибияшон меҳр доранд, худам ҳам ба раҳпоӣ одат кардаам.
(Давом дорад)
ГУЛМОҲ, шаҳри Бохтар
Таснифи Рухсора САИД