Дар шаҳри Танеи иёлати Маҳараштраи Ҳиндустон ҳангоми таҷлили ҷашни суннатии Дахи Ханди сокинон баландтарин “пирамидаи зинда”-и ҷаҳонро бунёд карданд ва рекорди чандинсоларо шикастанд.
Садҳо нафар дар ин чорабинӣ иштирок намуда, пирамидаи даҳқабатаро ташкил карданд. Баландии он ба 14,73 метр расид, ки тақрибан ба бинои сеошёна баробар аст. Пеш аз ин рекорд ба пирамидаи нуҳқабата тааллуқ дошт ва солҳои зиёд бетағйир монда буд.
Ҷашни Дахи Ханди ба муносибати рӯзи таваллуди Кришна баргузор мешавад. Тибқи анъана, иштирокчиён аз ҷисми инсон “манора” сохта, кӯшиш мекунанд кӯзаи гилини пур аз йогурт ё равғанро, ки дар баландӣ овезон аст, дастрас намоянд.
Ҳангоми сабти рекорд иштирокчиён навбат ба навбат болои китфи ҳамдигар баромаданд. Дар қуллаи пирамида ҷавоне бо кулоҳи муҳофизатӣ ва таҷҳизоти бехатарӣ қарор гирифт.