Formula novemver 2024
Бахти солинавӣ (ҚИСМИ 2)
1957

Қарор додам, ки аз шавҳарам ҷудо мешавам. Ҷамил ягон бор маро барои фарзанддор нашуданам таъна накарда буд, аммо медидам, ки ба кўдакон меҳри беандоза дорад.

Соли нав фаро мерасиду дили маро ғам дар панҷаи шахшулаш мефишурд, зеро мехостам баъди соли нав қарорамро ба Ҷамил бигўям ва ба хонаи иҷора бикўчам. Мехостам Ҷамил хонадор шаваду соҳиби фарзанд гардад, пеши роҳашро гирифтан намехостам. Шаби соли нав сари дастархони шоҳона бо ҳамсарам мегуфтему механдидем, аммо дилам хонаи ғам буд. Мемурдаму зинда мешудам, ҳар гоҳе тасаввур мекардам, ки соли дигар дар сари ин миз хонуми дигар бо ҳамсари ман менишинад.

Бо хуби дилсапеди ман, дастархонро нағундошта хоб кардем. Субҳи барвақт садои ғавғои одамон моро бедор кард. Ҳамроҳи Ҷамил хилъати хонагии худро ба сари китф гирифта, берун баромадем. Назди дари ҳамсоя чанд нафар гирди қуттии картоние ҷамъ омада, баланд гап мезаданд, гумон кардам даруни қуттӣ сагча ё гурбачае ҳаст ва касе онро оварда, пушти дари ҳамсояи бадхашми ман - Неляи тотор партофта, ғазабашро овардааст, аммо аз даруни қуттӣ кўдаке бехабар аз ин ҳама ғавғо ҳамёза мекашид. Касе тифлро ба хонааш даровардан намехост, дар берун барфи лак-лакӣ мебориду ҳаво ниҳоят сард буд. Ман худро дошта натавонистаму кўдакро, ки дар жемпери кўҳнае печонида шуда буд, бардошта ба хона даровардам. Ҳамсояҳо то омадани милиса сабр кун гуфтанд, аммо ман намехостам ин гавҳараки Худо фиристодаро рўи бетони сард дар қуттии картонӣ гузорам.

Пас аз панҷ дақиқа милиса омад, кўдакро ба беморхона бурданд, ман ҳам ҳамроҳашон рафтам, Ҷамил ҳам расида омад. Маълум шуд, ки духтарча ҳамагӣ се рўз дорад, бо ёрии милисаи минтақавиямон ҳама ҳуҷҷатҳоро дуруст карда, тифлакро духтархонд кардем ва ба ў Фаришта ном гузоштем. Фаришта ба хонадони мо нуру сафо ва рушноӣ овард, ў оилаи моро аз вайрон шудан наҷот дод. Ҷамил он қадар хурсанд буд, ки рухсатии меҳнатӣ гирифту онро назди гаҳвораи Фариштача гузаронид. Ба хотири духтаракамон мо хонаамонро фурўхта, аз ҷойи дигар хона гирифтем. Баъди 2-сола шудани Фаришта писаракамон Фаршед ба дунё омаду баъд Фаридун…

Худованд ба пойи қадами фариштаяки солинавӣ ба мо ду шоҳписарро ҳадя намуд, аммо меҳри духтарамон дигар аст. Фариштаи ман имрўз духтури бачагона аст ва ҳазорон тифлакон аз дасти ў шифо меёбанд. Фаршеду Фаридун ҳарду тоҷиранд. Ману ҳамсарам хонаи Худоро зиёрат намуда, имрўз дар сояи меҳри фарзандонамон давлати пирӣ меронем.

Соли нав ба даргоҳи Шумо бо муъҷизаҳояш биёяд, боваратон сабз бошад!

САМИРА

Таснифи Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД