Гулдаста Холиқова 49-сол дошта, заҳри тақдирро фаровон чашидааст. Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ шавҳараш ӯро ба ҳар касу нокас рашк карда, бераҳмона мезад, таҳқир мекард ва ранҷ медод. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, муддати 10-сол азоби бефарзанди кашид.
Ин зани ба нохуни фарзанд зор умед дшт, ки баъди кӯдакдор шудан зиндагиаш ширин мешавад, вале Худованд баъди 10-сол оҳи дилашро шунида, барояш духтарчаи зебоеро туҳфа карда бошад ҳам, ҳаёти талхаш ҳеҷ ширин нагашт. Умедаи фатиламӯй натавонист бо қадами худ оиларо аз вайронӣ наҷот диҳад. Ҳамин тавр дар панҷсолагии духтарчааш шавҳараш талоқи Гулдастаро дод ва зан бо як фарзандаш овораву дар ба дар гашт.
Падару модари Гулдаста барвақт аз дунё гузашта буданд, аз ҳамин сабаб ин ҷавонзани берӯзӣ дар ба дари хонаи хешу табор овораю сарсон шуда монд. Инак, муддати 16-сол мешавад, ки Гулдаста Холиқова бо духтари ягонааш Умеда азоби дар ба дарӣ мекашад. Имрӯз аз ночорӣ ин зан дар як анҷомхонаи палаткагӣ , ки ягон шароит надорад зиндагӣ карда истодааст, вале соҳибони анҷомхона талаб доранд, ки ҷою маконашро ёбад, зеро он дар зери бинои истиқоматӣ ҷой дорад ва тибқи қонун бояд вайрон карда шавад.
Умеда, духтари Гулдаста донишҷуи коллеҷи тиббӣ буда, хубу аъло мехонад.
Ӯ тамоми ҳастии худро ба омӯзиши илму дониш бахшидааст, то ки мисли модараш дар зиндагӣ азоб накашад,вале мушкилоти иқтисодӣ ин духтараки босаводро домангир гаштааст.
Умедворем, ки пас аз тамошои ин навори ҷигарсуз шахсони хайрхоҳ нисбати тақдири ин оилаи ниёзманд бетарафи зоҳир накарда, дасти мадад сӯи эшон дароз хоҳанд кард.