arzon replenishment
Бахти сиёҳ
1226

Рамзия аз пушти дари хонаи хоби хушдоманаш паст-паст гап задани онҳоро шунид:

-Оча, акнун чи хел ба Рамзия ҳақиқатро мегӯям?

-Ҳеҷ гап не, ман мефаҳмонам.

-Охир ман ӯро дӯст медорам. Чи тавр аз Рамзия ҷудо шавам, оча?

-Бачам, авлоди моба дузана набуд. Барои ҳамин маҷбурем, ки Рамзияро ба хонаи бибиаш бурда монем. Ту то дар ягон ҷо ба кор даромадан ё шӯйи дигар карданаш баӯу пул мефиристӣ.

-Майлаш очаҷон.

Ин сӯҳбати пинҳонии модару писар якбора ба дили Рамзия мисли ханҷари тез халид. Ҳаёти 18 солаашро пеши назараш оварда дар танҳоӣ зор-зор гирист.

Ҳанӯз давраи мактабхониашон бо Давлат чун Лайливу Маҷнун буданд. Баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шуда, донишҷӯ шуд, аммо баьди тӯй шавҳараш ӯро аз хондан манъ кард ва Рамзия маҷбур шуд, ки омӯзишгоҳро партояд. а хотири муҳаббати нисбат ба шавҳар доштааш ҳама ҷабру ҷафои хушдоману хусури ҷангараашро, ки бо забони тезашон дар маҳалла ном бароварда буданд, паси сар мекард. Баьди ду соли хонадорӣ хомиладор шуд. Ба шиками дамидааш нигоҳ накарда, хушдоманаш ӯро ба чормағзчинӣ маҷбур кард. Якбора пояш лағжида аз боло ба замин афтид.

Дар беморхона ба хуш омада, фаҳмид, ки тифли бадтнашро аз даст дода, сутунмуҳрааш ҳам каме осеб дидааст. Табибон гуфтанд, ки дигар кӯдак таваллуд карда наметавонад. Рамзия баьди ин ҳодиса камгап ва хаёлпарешон шуда, танаш дардманд шуда монд.

Хоҳаршӯяш аз Русия кӯдаки яксолаашро фиристод, ки парастори кунад. Кӯдакро бо меҳри зиёд калон кард. Кӯдак ӯро оча мегуфт,вале ин хушбахтиаш дер давом накард. Хоҳаршӯяш омада писарчаашро соҳибӣ кард.

Рамзия боз касал шуд. Оҳиста-оҳиста шавҳараш дилсард шуда, дар дигар ҷо зани пинҳонӣ гирифт. Зани дуюмаш писар таваллуд кард. Акнун, ки писардор шуд, падару модараш гуфтанд, ки зани якуматро сар деҳ ва зану бачата хона биёр.

Рамзия ятими кулл ва дар хонаи бибии модариаш ба воя расида буд. Барояш ҷудои аз шавҳараш хеле сахт буд.

Бегоҳӣ шавҳараш нав гапро сар кард, ки ӯ гирён гуфт :

-Давлат, ман ҳамаашро медонам. Фақат илтимос, маро пеш накун. Хоки поят мешавам. Аз дур бинамат, бароям басанда аст. Дар як кунҷи хонаатон маро ҷой дех. Хизматгори дари хонаатон мешавам.

-Охир модарам розӣ нестанд, занам ҳам дар наздам шарт гузошта, мегӯяд, ки зани якуматро сар деҳ...

-Охир ман қисир набудам-ку. Ба дарахти чормағз баромада ба ин рӯзи сиёҳ гирифтор шудам. Ту худат инро хуб медонӣ. Гуноҳи ман чист? Ман нисбат ба ту чи ноҳурматӣ кардам, бигӯ...

-Не, дигар ман ҳамрохи ту зиндагӣ намекунам. Талоқатро додам.

Рамзия калимаи талоқро шуниду сарашро дошта, давид суйи оғил. Шавҳараш аз пасаш нарафт. Гумон кард, ки мегиряду дилашро холӣ карда, баьд хомуш мешавад, вале...

Ним соат пас модараш доду войкунон аз оғил давида омаду гуфт, ки Рамзия худашро дор кашидааст.

Давлат сахт пушаймон аст, вале аз ин пушаймонӣ дигар чи суд, охир Рамзияи нозанин дигар дар зери хоки сард хуфтааст...

Шаҳлои Наҷмиддин

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД