gazprom august 2025
Бахти Ширин (ҚИСМИ 2)
1263

Аз зани дувум доштани шавҳараш Ширин баъди як соли зиндагӣ хабар ёфт. Аммо рашкашро намоён накарда, оромона бо ин рафтори шавҳар муносибат кард.

Хушдоману хусураш ӯро мисли духтари худашон дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд. Ба духтур бурд ӯро боре хушдоман. Табибони занона гуфтанд, ки саломатиаш хеле хуб аст. Ширин ҳайрон мешуд, ки чаро ҳомила намешавад. Вале, баъдтар дар мизи ҳуҷраи кории шавҳараш доруҳои бар зидди ҳомила шудани занонро диду девона шуд. Шавҳараш тӯли ин солҳо фақат аз ин ҳабҳо истифода мебурдааст ҳар дафъа ҳангоми муносибати маҳрамона, то ки занаш аз ӯ ҳомила нашавад. Ин ҳақиқати талх Ширинро қариб ки аз ақл бегона кунад. Дар танҳоӣ ба шавҳар суол дод:

- Чаро чунин муносибати бадро бо ман раво мебинӣ?

- Чунки ту хушкардаи ман нестӣ, туро падарам бо зӯрӣ ба ман дод. То вақте ки онҳо зиндаанд, туро сар намедиҳам.

Ин гапи талхи шавҳар Ширинро чанд вақт аз худ бехуд кард. Аммо боз ҳам иродаашро ба даст гирифту ба воситаи шеъру таронаҳояш дилашро холӣ мекардагӣ шуд. Ба модар рози дилашро кушоду гуфт, ки шавҳараш ӯро дуст намедорад ва хоҳиши ҷудоӣ аз ӯ дорад. Модар насиҳаташ кард:

- Каме тоқат кун, шояд ҳуши шавҳарат ба сараш биёяд.

- Не, очаҷон, хуб сабр кардам, бас аст. Дигар тоқат надорам. Ман аз тақдир менолам, аз касе даъво надорам. Сарнавиштам чунин будааст.

Ширин аз шавҳар тақозои талоқ кард. Аммо Шамс боз такрор кард, ки то вақти зинда будани падару модараш ӯ дар ин хона ба ҳайси келин боқӣ мемонад. Ӯ нағз медонист, ки падараш ҳаргиз Гулсифатро ба ин хонадон роҳ намедиҳад. Барои ҳамин аз падар гап шунидан намехост.

Ширин имшаб дид, ки шавҳараш дар хона хобид, ҳайрон шуд. Охир, ҳама шаб соли охири хонадорӣ ӯ дар пеши зани дувумаш аст. Ба ӯ чӣ шуда бошад? Аҷабо, магар Худованд ба дили ӯ имону раҳм андохт, ки имшаб ин ҷосту аз бегоҳӣ боз бо ман муносибати хеле хуб дорад?

Ширин ҳанӯз намедонист, ки хусураш ба Шамс шарт гузоштааст, ки агар занат писар таваллуд кунад, ин ҳавлии дуошёнаро ба номат мегузаронам. Ширин ҳанӯз пайхас накарда буд, ки шавҳар танҳо ба хотири боигарии падар аввалин бор вақти муносибати занушавҳарӣ ҳаби зидди бордоршавиро истеъмол накарда буд.

Ширин хурсанду мамнун дафтарашро кушоду навишт:

Азизи дил, марҳабо бар хонаи дил,

Худованд раҳонидам аз ин озору мушкил.

Туро бахшидам бо ин ҳама ранҷу гуноҳат,

Туйӣ ягона малҳами розу пушту паноҳам.

Худоё, бидеҳ ҷой ишқи маро бар дили ёр,

То назанад пушти дари дил ранҷи бисёр.

Ширин баъди ҳафт соли хонадорӣ аввалин бор ба лаб табассум ба хоб рафт. Умед дорад, ки шояд оянда шавҳараш ӯро дӯст медораду дигар ҳамаи бедилиҳо поин меёбанд.

Кош Худованд ба ин зани зебову боиффат як фарзанди солеҳе ато намояд. Кош…

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД