Arzon march 2024
Бахти рассоми хомӯш (ҚИСМИ 2)
515

Завқи сураткашӣ

Вақте ки Илҳом даҳсола шуд, мушоҳида кардам, ки доим дар назди тиреза нишаста, сураткашӣ мекунад. Дар албоми ӯ суратҳое пайдо мешуданд, ки гоҳо аз диданашон дар ҳайрат мемондам.

Дар давоми солҳо ману Илҳом ҳамдигарро хуб мефаҳмидагӣ шудем. Аввал, дактилология - алифбои ангушт, баъд забони имову ишораро азхуд кардаму ба вай омӯхтам.

Муҳаммад шогирди он қадар қобил набошад ҳам, баробари Илҳом калимаҳои аз ҳама муҳим - «писар», «муҳаббат», «ифтихор» ва ғайраро омухта буд.

Дар мо барои чунин кӯдакон мактаб вуҷуд надошт, барои ҳамин худам бо ӯ машғулият мегузаронидам. Вай зуд хонданро ёд гирифт: алифбо, ҳиҷо, калима... Аммо шуғли асосиаш расмкашӣ буд...

Оҳиста-оҳиста ман ба ношунавоӣ ва ҳарф назадани Илҳом одат кардам. Эҳсос надоштем, ки ӯ камбудӣ дорад. Меҳрубон буду шӯх. Гоҳо дилгир шуда, гиря кунам, ашкҳои маро тоза карда бо ишора мегуфт: “Хавотир нашав, ҳамааш хуб аст”...

Комёбӣ

Рӯзе аз ноҳия комиссия омад, ки ман дарси хонагиро чӣ тавр мегузаронам, зеро ман барои дарс доданам дар хона маош мегирифтам. Зани солхӯрдае, ки дар тан либоси расмӣ дошт, вориди хона шуда, расмҳоро дида, шах шуда монд.

- Инро кӣ кашид?,- пурсид вай.

- Писарам,- бо ифтихор ҷавоб додам ман.

- Инро ба мутахассисон нишон додан даркор, - айнакашро аз чашм гирифт ӯ - писаратон... истеъдоди фавқулодда дорад...

Ҳамин тавр Илҳом ба намоиши рассомони ноҳия даъват шуд...

Он вақт Илҳом аллакай ҳабдаҳсола буд. Қадбаланд, харобакак, ангуштони дароз ва нигоҳи бодиққати ӯ гӯё ҳама чизро ҳис мекарданд.

Дар намоишгоҳ рассомон ва тамошобинон асарҳои Илҳомро бо завқ тамошо мекарданд. Зани солхӯрдае ба мусаввараҳои ӯ дуру дароз нигоҳ карда ба ман рӯ овард:

- Ин асарҳои шумост?

- Писарам,- ба Илҳом, ки дар паҳлуям меистод ишора кардам.

Зан чизе гуфтанӣ буд, ки огоҳ кардам: “Ӯ намешунавад, ба ман ҳарфҳоятонро гӯед, мефаҳмонам” – гуфтам ба ӯ.

Маълум шуд, ки ин зан аз намоишгоҳҳо асарҳои рассомони боистеъдодро харидорӣ карда, ба намоишгоҳҳои бонуфуз мебурдааст. Ӯ чанд асари Илҳоми маро харида, маблағе дод, ки шавҳарам дар ним сол ҳам кор карда наметавонист...

Рассоми хомӯш

Вақти ҳосилғундорӣ буд, ки аз пойтахт телефон карда, Илҳомро ба намоиши рассомон даъват карданд. Дар ин намоиш ҳам ба асарҳои Илҳом таваҷҷуҳ зиёд буд. Дар ин намоиш, рассомони маъруфи тоҷик, мутахассисон, сафирони кишварҳо, мансабдорони баландмақом ширкат доштанд. Барои ҳама ҷолиб буд, ки чӣ тавр як ҷавони ношунаво ва таҳсилнадида чунин асарҳои зебо меофарад?

Баъди ин намоиш дар сарнавишти Илҳом гардиши куллӣ ба вуҷуд омад. Таҳсил дар пойтахт ва таъмин намудан бо ҷойи хоб, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар, гарантҳову таҷрибаомӯзиҳо дар кишварҳои хориҷӣ ва билохира фурӯши асарҳо...

Ҳикмати хомӯшӣ

Ҳоло фарзанди ман Илҳомҷон рассоми шинохта аст. Бештар дар хориҷи кишвар кор мекунад. Ӯро “Рассоми хомӯш” ҳам мегӯянд. Зиёд ба деҳа меояд ва дар манзараҳои дилрабо сураткашӣ мекунад. Ба ману падараш ёрмандӣ мекунад, моро ба чанд кишвари хориҷӣ тамошо бурд. Хонаи Худоро ба шарофати ӯ зиёрат кардем.

Чаро ин қиссаро ба шумо нақл мекунам?

Ҳеҷ коре дар олам бе ҳикмат нест. Агар он рӯзи соли 1993 ин кӯдакро пушти дари мо намегузоштанд, зиндагии мо чӣ гуна мешуд, тасаввур карда наметавонам. Илҳомҷон имрӯз ифтихори мост.

Бо овардани сарнавишти писарам гуфтанӣ ҳастам, ки ба нерӯи худ, ба нерӯи фарзандони худ бовар дошта бошед. Худованд подоши онро хоҳад дод.

Манзура ШОЕВА

Таснифи А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД