Commerc banl
Бахти гунги Марҷона
26.02.2026
А. ҲОҶӢ
361

Ваъдаи фарзанд

... Марҷона ба торикшаби пурбарф менигаристу чизеро намедид. Гоҳ -гоҳ ба ваҷоҳати гирифтаи шавҳараш, ки бо ду даст чанбараки мошинро сахт қапида буду чашм аз роҳи пурбарф намеканд, нигоҳ карда, дилаш ба ӯ месӯхт.

“Мардакамро сахт хафа карданд. Хайр, аз аввал не мегуфтанд мешуд ку? Чаро дар лаҳзаи охир чунин карданд, кас ҳайрон мешаваде... Боз худро ҷияни дилсӯз нишон медод, ин Дилшод. Занаш бошад, аз вай бадтар. Шаш моҳ пеш худаш ба забонаш гуфт, ки “агар ин дафъа ҳам духтар шавад, бо шумо медиҳем, тағоҷон. 10 соли бефарзандӣ бас аст, акнун шумо ҳам зиндагии бо фарзанду бо меҳр дошта бошед...”.

Аммо вақте, ки бори чаҳорум Закия – ҳамсари Дилшод духтар таваллуд кард, шавҳараш дар Русия буду ӯро аз таваллудхона Марҷонаю шавҳараш Давлат пешвоз гирифтанд. Вале Закия то деҳаи Сароб раҳораҳ боре ҳам дар бораи ваъдаи кардааш хотиррасон накард ва нагуфт, ки пас аз думоҳа шудани духтараш тавре ваъда карда буд, ӯро ба тарбияи Давлату Марҷона медиҳад. Он замон на Марҷона ва на худи Давлат дар ин бора ба зани Закия ҳарфе нагуфтанд. “Шояд ӯ ҳоло хаста асту ин мавзӯъро ба миён гузоштанӣ нест ва вақти ваъдагиаш фаро расад, худаш даъват карда медиҳад...” - андеша карда буд Марҷона. Аммо аз байн се моҳ гузашта бошад ҳам, дигар на Закия ва на шавҳараш дар ин бора сухан намегуфтанд. Ҳол он, ки Марҷона аз бозори Корвон гаҳвора ва аз беҳтарин мағозаҳои шаҳр барои кӯдаки навзод либосҳои мувофиқ харида буду мехост ӯро ба умеди ояндаи нек Умеда ном кунад...

Умед...

... Зану шавҳар чунон ба ин андеша ғарқ шуда буданд, ки гоҳ-гоҳе дар бораи Умедаи ҳанӯз нопайдо байни ҳам тавре гап мезаданд, ки гӯё ӯ ҳамин ҳоло аз дар медаромада бошад...

Аммо аз ҷониби ҷияни мардак ва занаш садое берун намеомад. Боре Давлат аз кор баргашта, дар зинапояи хонаашон зани худро дид, ки бо чашмони пуроб менишаст.

- Ба ту чӣ шуд? Ягон кас ранҷонд? - пурсид давлат аз Марҷона бо меҳрубонӣ.

Зан сарашро бардошта, аз ҷояш бо кӯмаки Давлат бархосту бо ҳасрат гуфт:

- Маро ба ҷуз ту каси дигар ранҷонда метавонад? Аллакай се моҳ гузашту ҳануз аз Умедаи мо дараке нест. Чаро ҷиянату занаш нисбати ману ту чунин кор карда истодаанд, як бор фаҳм чӣ... Охир худат “бегона саги девона “ гуфта розӣ нашудӣ, ки аз хонаи бачаҳои бепарастор ягон писар ё духтарро гирему тарбия кунем, ки дар пирӣ дастгирамон шавад. Ман розӣ шудам ва ҷиянат худаш пешниҳод карда буд... Имрӯз бошад...

- Имрӯз бошад, - сухани занашро давом дод Давлат, - ба фикрам дили занаш нашуд, ки ин корро кунад. Меҳри модарӣ дия...

- “Меҳри модарӣ” гӯяд, пас чаро моро умедвор кард? Хешу табор дар ин бора медонанд ку?

- Хайр, ҳозир як ба худи Дилшод, ба Русия занг занам чӣ...

Ӯ телефони ҳамроҳашро аз киса берун оварду номи ҷиянашро аз он ҷо ёфта, тугмаи зангашро пахш кард. Чанд бор ин корро такрор кард, вале ҳарчанд занг мерафт, Дилшод гӯширо намебардошт. Ниҳоят, Давлат аз ин кор дилгир шуда, ба Марҷонаи чашминтизор нигоҳ карду гуфт:

- Ба фикрам, ӯ ҳоло дар кор аст, мумкин худаш баъди фориғ шудан аз кораш занг занад... Агар не, худам шабона занг мезанам. Занакҷон, ҳоло хезу хонаро гарм кун, ки хунук хурдам. Печкаи мошинам вайрон шудааст, гарм намекунад...

Ҳарду ба хона ворид шуданд...

... ва ноумедӣ

...Марҷонаю Давлат ҳамдигарро дӯст дошта оиладор шуда буданд. Вақте, ки Давлат хизмати аскариро тамом карда баргашт, ҷуръати ба падараш чизе гуфтан накарда, дар бораи ишқаш ба духтари бобои Миркалон - Марҷона ба модараш қисса кард. Ҳарчанд модар аз ин хабар дошт, худро ба нодонӣ зада гуфт:

- Ту чӣ фикр мекунӣ бачаҷонам? Охир онҳо мардуми хеле баобрӯ ва доранда ҳастанд. Магар аз авлодони мо домод кардан мехоҳанд?

- Очаҷон, авал ту бо падарам гап зану ба он ҷо, ба хостгорӣ равед, баъд мебинем чӣ мешавад...

Вақте, ки падарро розӣ карда, модар ҳамроҳи онҳо ба хонаи Миркалон рафтанд, онҳо аз пазироии соҳибхона ба ҳайрат афтоданд. Он замон Миркалон, ки табиатан мардаки шӯх буд, ба падари Давлат нигариста гуфта буд:

- Ҳарчанд замонҳои пеш дар мавриди хостгорӣ мегуфтанд, ки завҷиҳоро то замоне, ки “асояшон сӯзану кафшашон ғалбер” нашавад, духтар надиҳед, аммо ман, ки дилам ба кафшу асои шумо месӯзад, дар аввалин хостгориатон розӣ мешавам. Зеро медонам, ки писаратон бачаи дидадаро ва коргар аст...

Маълум буд ки дар розӣ кардани падару модараш, нақши Марҷона ҳаст ва инро онҳо хуб медонистанд.

Аммо ҳарчанд дар вақти тӯй мардуми зиёде ба онҳо “дастурхони сермағзреза” (яъне, фарзанди бисёр) хостанд, аммо инак онҳо даҳ сол боз фарзанд надоранд. Ба тамоми духтуру муллоҳо муроҷиат карданд, бенатиҷа...

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД