Commerc banl
Муроҷиат оид ба зӯроварӣ нисбати занону мардон афзоиш ёфтааст
05.02.2026
Oila.tj
555

Дар Тоҷикистон муроҷиат вобаста ба ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба занону мардон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, соли сипаришуда аз ҷониби занҳо ба ин ниҳод 3 ҳазору 609 шикоят оид ба зӯроварӣ аз ҷониби мардон ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 367 ҳолат бештар мебошад.

Шумораи муроҷиат аз ҷониби мардҳо низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тибқи маълумоти масъулин, соли 2025 Кумитаи кор бо занон ва оила 590 шикояти мардҳоро вобаста ба зӯроварӣ аз ҷониби занон қабул кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024-ум 36 ҳолат зиёд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД