Дар Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи дастгирии содирот” таҳия шуда истодааст. Он ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ҷиҳати пешбурди фурӯши молу маҳсулот ва хидматрасонӣ дар хориҷи кишвар кумак мекунад.
Дар ин бора Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, ки "ҳадафи аслии қабули қонун бунёди заминаи ҳуқуқӣ барои кумак аз ҷониби давлат ба содироти молу маҳсулот, кор ва хидматрасониҳо мебошад. Ҳамчунин, қонун ба баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст, ки ба ҷумҳурӣ барои таҳкими мавқеъ дар иқтисоди ҷаҳонӣ кумак мекунад".
Ба таъкиди номбурда, ғайр аз ин, он ба беҳтар шудани шароит барои сармоягузорон ва рушди соҳаҳои иқтисоди марбут ба содирот мусоидат мекунад.
"Дар назар аст, ки ба туфайли ин иқдом Тоҷикистон дар тиҷорати байналмилалӣ ба шарики боэътимод табдил меёбад. Бунёд ва рушди бозорҳои нав барои маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва беҳтар сохтани зерсохтори нақлиёт ҷанбаи муҳим хоҳад шуд",- гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.