Тори макр (ҚИСМИ 21)
547

Шарораи хотираҳо…

Ҷавонмард дафтари хотираҳояшро варқ зада, симои азизи ин марди бузургро пеши назар овард… Бори аввал бо Иван Иванович дар маркази савдое вохӯрда буд. Насимҷон борҳои харидаи мардро то мошинаш бурда, хеле хуб ҷо ба ҷо карду маблағи додаашро “ин зиёд аст” гӯён, бақия дод… Ҳамин тавр, баъди ду моҳи шиносоӣ Иван ӯро дар хонааш ба кор гирифт, баъд ҳодисаи туҳмати Светланаю ба зиндон афтиданаш… Ёд дорад, чун бегуноҳии ӯ исбот шуд, ин марди сарватманд пеши ӯ ба зону зада, узр хост. Барояш хона ҳадя карду кори хубаш дод, барои бардоштани доғи судияш пули зиёде сарф кард, ӯро шаҳрванди Россия сохт, ана бо ин саховати бешумораш…

Насим банди андешаҳо буд, Гулбоғ бошад, коляскаи писарашро дар сояи дарахте гузошта, ӯро хобонду дохили хонаҳо шуд. Ҳама ҷоро чанг зер карда буд. Гулбоғ хонаҳои чангзеркардаро як аз назар гузаронида, зуд ба фирмаи «Дурахшон» занг зад. Намояндаҳои ин фирма аз заноне иборат буданд, ки дар тозаю озода намудани офису корхона ва хонаҳои мардум саҳм мегузоштанду дар Маскав хеле машҳур буданд. Гулбоғ бисёр вақт аз хизмати эшон истифода мебурду бо сарвари онҳо Ноилаи тотор дӯстии телефонӣ ҳам дошт. Ноила бо шунидани дархости Гулбоғ гуфт:

- Хонум, азбаски роҳ каме дарозтар аст, нарх ҳам қиматтар мешавад, шумо розиед?

- Бале, бепарво розигӣ дод хонум ва аз пайи шавҳараш лаби дарёча рафт.

Гулбоғ Насимро банди андешаҳо дида, дар дил ӯро мазаммат кард: “Э мур, дар ғами як урус… Мегӯйӣ, ки падараш мурда бошад. Ба ту сағираи почаканда аз азал Худо дода будааст, ин уруси сурхи бенамуд чизу чораашро ба ҷойи ба духтараш додан ба ту дод… Зани нозанин ҳам дар қисмати ту, боз чӣ ғам мехӯрӣ?”.

Ин зани дар ҳилла гум аз ёдаш бурда буд, ки ӯро, «сиган»-и қишлоқашонро ҳамин сағираи почаканда одам карду зани занон… Одаму одамгарӣ ку аз паҳлуи ин маккора намегузашт, барои ӯ фақат чиз бошаду оғӯши мард…

Зани лоша…

Як макри зани лоша,

Даҳ хачира бор боша.

Сад макр кунад шайтон,

Шогирди занон боша…

Гӯё ин гуфтаи халқ барои Гулбоғ бошад, ӯ дарав ниқобашро дигар карда, паҳлуи шавҳараш нишасту насиҳатомез гуфт:

- Азизам, дилатро хун накун, бемор мешавӣ, ману Бунёдҷон ғайри ту кӣ дорем, боз…

Ӯ дасти Насимҷонро гирифта, болои шиками дамидааш монд…

Насимҷон андешахояшро як сӯ гузошта, Гулбоғро ба оғӯш гирфту ҳарисона аз лабу даҳонаш бӯсид. Гулбоғи дар ин кор усто бо бӯсаҳои обдор ҷавоб гуфт…

Насимҷон гуфт:

- Мана, бӯстонсароро ҳам дидӣ, акнун ба хона меравему ягон вақти бекорӣ омада онро тоза мекунем, шояд тобистон ин ҷо зиндагӣ кунем…

- Не, мардакҷон, кори имрӯзаро ба фардо нагузор гуфтаанд, ту ҳозир Бунёдҷонро гирифта ба хона бармегардӣ, ман кормандони «Дурахшон»-ро даъват кардаам, пас аз ним соат расида меоянд, мо имрӯз хонаҳоро тоза мекунем. Шаб агар дер шавад, ман ҳамин ҷо мемонам, шумо низ меоед, нимсоата роҳ, дур не ку… Рӯзи дигар чанд мардикор оварда, рӯйи ҳавлиро тоза мекунем, баъд он тарафашро маслиҳат хоҳем кард… Ман ҳавои кушод мехоҳам…

Насимҷон розӣ шуду баъди расида омадани гурӯҳи занҳо Бунёдҷонро гирифта ба хона баргашт. Писараш кӯдаки ороме буд, нав яксола шуда, ба зӯр роҳ гардад ҳам, бо шӯхию бесарияш волидонашро ғам намедод…

Бозёфт

Шаш нафар зан бо як рӯҳияи тоза ба кор часпиданд, онҳо миллатҳои гуногун буданд, байнашон танҳо як зани панҷоҳ-панҷоҳу панҷсолаи рус буд, ки бо меҳр ба Гулбоғ нигариста, гуфт:

- Бону, ман ду километр дуртар аз ҳамин мавзеъ зиндагӣ мекунам. Ҳамроҳи шавҳарам дар ҳамин фирма кор мекунем, ӯ моро ҳамроҳӣ мекунаду бо маводи шустушӯӣ таъмин. Шумо боғ доштаед. Шавҳари ман боғбони хубест, ӯ агроном буд, вале аз деҳа ба шаҳр кӯчидему бекор монд. Агар ба шумо хизматгор ва боғбон лозим бошад, мо тайёрем, агар ҳамон маоши дар фирма мегирифтаамонро ба мо диҳед, мо фарзанд надорем, роҳамон камтар дур аст…

Гулбоғ каме фикр карду рақами телефони Машаро гирифта, ваъда дод, ки агар лозим шаванд, занг мезанад…

Яке аз хонаҳо китоби зиёд дошту маълум буд, ки ҷойи кори марди хонадон будааст. Хонаҳои дигар ашёҳои қиматбаҳои рӯзгор ва қолинҳои базебе доштанд. Дар деворҳо мусавварҳои зебо овехта шуда буданд. Гулбоғ тоза кардани хонаи хобро ба уҳдаи Маша гузошту худаш ҳамроҳи ӯ вориди ин хона гашт. Рахти хоби васеъу зебои итолёвӣ, оинаи барқад, ҷевону курсиҳои ҳамранги он, шабчароғҳои булӯрин, он қадар зебо буд ин хонаи хоб…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД