Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз бештар дар бораи зиндагии ошиқонаи худ андеша мекунед. Шояд сабаб дар он бошад, ки ҳангоми интихоби ҳамсафар аз ҳад зиёд сахтгир ҳастед. Қисми асосии рӯз ба наздикон бахшида мешавад ва ин дар ниҳоят ба мустаҳкам шудани робитаҳои оилавӣ мусоидат мекунад. Дар кор ба ваъдаҳо боэҳтиёт муносибат намоед. Қобилияти зеҳнии шумо имрӯз хеле боло меравад ва масъалае, ки муддати дароз фикратонро банд карда буд, роҳи ҳалли дуруст меёбад.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз ба дӯстдоштаи худ бовар карданатон муҳим аст. Бе далели ҷиддӣ айбҷӯӣ накунед, зеро хаёлпарварии зиёдатӣ метавонад нофаҳмӣ ба вуҷуд оварад. Дар оила баҳсҳо асосан ба масъалаи хароҷот вобаста мешаванд, кӯшиш кунед бо шӯхӣ вазъро сабуктар кунед. Даромади молиявӣ имкон медиҳад ҳам хариди муҳим анҷом диҳед ва ҳам барои оянда маблағ пасандоз намоед. Ҳолати ҷисмонӣ хуб буда, нерӯ ва оромиро эҳсос мекунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Нагузоред, ки ғурур байни шумо ва муҳаббат монеа шавад. Агар иштибоҳе рух дода бошад, бахшиш пурсидан метавонад муносибатҳоро мустаҳкам намояд. Имрӯз вақти муносиб барои ислоҳи робитаҳост. Эҳтимол, касе аз атрофиён ба таъмири хона машғул шавад. Истеъдодҳои пинҳонии шумо ошкор шуда, нуфузатон меафзояд. Дар муҳити корӣ эҳтиёткор бошед, зеро баъзеҳо метавонанд шуморо ба баҳс кашанд.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз таваҷҷуҳи ногаҳонии шахсе метавонад эҳсосоти шуморо бедор созад. Муҳаббат ғайричашмдошт пайдо мешавад. Ба наздикон бештар ғамхорӣ нишон диҳед, сухани гарм рӯҳияи онҳоро боло мебарад. Шубҳа ва тарс ягона монеаи пешрафти шумост. Дар бораи беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ҷиддӣ андеша кунед. Агар худро нотоб ҳис намоед, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед ва ба мутахассис муроҷиат кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз аз нишон додани эҳсосоти ҳақиқии худ наҳаросед. Суҳбати самимӣ бо шарик робитаро боз ҳам қавитар мегардонад. Масъалаҳои оилавӣ дахолати мустақими шуморо талаб мекунанд ва эҳтимол баъзе нақшаҳо тағйир ёбанд. Дар кор метавонед ба дастгирии ҳамкасбони ботаҷриба такя кунед. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Энергияи зиёдатӣ метавонад ба асабоният оварда расонад, бинобар ин, варзиш ё кори ҷисмонӣ барои шумо беҳтарин роҳи раҳоӣ аз фишори равонӣ хоҳад буд.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Барои муҷаррадон имрӯз шиносоии ҷолиб имконпазир аст. Дар муносибат бо наздикон баъзе душвориҳо ба миён меоянд, ки бознигарии ҷиддиро талаб мекунанд. Дар кор фишор эҳсос мешавад, вале таҷриба ва сабри шумо имкон медиҳанд ҳама мушкилотро паси сар намоед. Меҳнати софдилона ба суботи молиявӣ мерасонад. Бо вуҷуди ин, фаромӯш насозед, ки арзишҳои зиндагӣ танҳо бо пул маҳдуд намешаванд. Хушбинии шумо ба атрофиён таъсири хуб мерасонад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Ба иштибоҳҳои хурди шарики худ аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед. Агар муҳаббат бошад, пас чаро муносибатро бо айбҷӯӣ вайрон мекунед? Имрӯз бештар дар бораи беҳтар кардани шароити зиндагӣ фикр мекунед. Нимаи дуюми рӯз андешаи судманд ба саратон меояд. Серкорӣ тадриҷан кам шуда, ҷойи худро ба истироҳат медиҳад. Вазъи молиявӣ беҳтар мегардад ва шумо имкони пардохти қарзҳоро пайдо мекунед. Аз худ талаботи зиёдатӣ накунед, аз ҳад зиёд хаста мешавед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Агар эҳсоси муҳаббат пайдо шавад, шитоб накунед ва ҳама чизро бо хунукназарӣ арзёбӣ намоед. Шахсе, ки писандатон омадааст, метавонад самимӣ набошад. Ба корҳои оилавӣ диққати бештар диҳед ва масъалаҳои ҷамъшударо баррасӣ кунед. Бо пул эҳтиёткор бошед, зеро талафот имконпазир аст. Ба аҳдҳои шубҳанок розӣ нашавед. Дар муҳити корӣ, махсусан дар сохторҳои давлатӣ, бодиққат амал намоед. Даромади ғайричашмдошт зуд харҷ мешавад. Бо техника эҳтиёт шавед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Ғаму ташвишҳо тадриҷан фаромӯш шуда, вақти лаззат бурдан фаро мерасад. Имрӯз барои қабули меҳмонон ё вохӯрӣ бо дӯстону наздикон хеле мувофиқ аст. Рӯҳияи мусбатро нигоҳ доред. Рӯз барои оғози корҳои нав ва амалӣ кардани нақшаҳо мусоид мебошад. Хариди калон эҳтимол дорад ва хароҷоти ҷиддиро талаб мекунад. Ба саломатӣ диққат диҳед: машқи пагоҳирӯзӣ ва сайругаштро фаромӯш накунед. Тарзи ҳаёти солим нерӯи шуморо афзоиш медиҳад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз сафарҳои пешбинишуда имконпазиранд. Чанд рӯзи ҷудоӣ аз маҳбубатон ҳатто метавонад ба муносибатҳо таъсири мусбат расонад. Эҳтимол, хоҳиши насиҳат додан пайдо шавад, вале беҳтар аст худро нигоҳ доред, то наздиконро нороҳат насозед. Ба шахсе, ки аз ҳад зиёд худро дӯст нишон медиҳад, пурра бовар накунед. Истеъдодҳои шумо имрӯз талабот доранд ва имкони хуб барои нишон додани худ пайдо мешавад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Шиносоии нави ошиқона дер давом намекунад, аммо таҷрибаи муҳим медиҳад. Бегоҳро бо оила гузаронед, ин ба шумо оромӣ ва қувва мебахшад. Дар кор нақшаҳоятонро ба ҳама ошкор насозед, зеро ҳасудон метавонанд монеа эҷод кунанд. Имрӯз таъсири неруҳои манфӣ эҳсос мешавад, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Рӯз каме асабонӣ мегузарад ва на ҳамаи мушкилот ҳал мешаванд. Эҳсосоти худро идора намоед, то дигаронро нохоста наранҷонед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз барои оштӣ шудан пас аз ҷанҷол бисёр муносиб аст. Бахшиши самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ муҳим аст. Ба шахсияти шарик эҳтиром гузоред, ӯ низ ба озодӣ ва фазои шахсӣ ниёз дорад. Шумо имкони нишон додани сифатҳои роҳбариро доред, аз масъулият наҳаросед. Масъалаҳои молиявиро бодиққат баррасӣ кунед ва аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоед. Аз варзиши шадид канора гиред, зеро хатари осеб дидан вуҷуд дорад. Оромӣ ва эҳтиёт имрӯз беҳтарин роҳнамо мебошанд.