Сигори электронӣ дар Ӯзбекистон пурра манъ карда шуд
05.02.2026
Oila.tj
54

Дар Ӯзбекистон воридот, содирот, фурӯш, харид ва нигоҳдории сигорҳои электронӣ ва дигар воситаҳое, ки дар онҳо никотин вуҷуд дорад, пурра манъ карда шуд.

Ин меъёр дар қонун муқаррар шудааст, ки онро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев охири соли 2025 имзо кард ва он аз 1-уми марти соли 2026 мавриди амал қарор мегирад. Ин мамнуият тибқи Қонун “Дар бораи маҳдуд кардани паҳншавӣ ва истеъмоли маҳсулоти спиртӣ ва тамоку” ҷорӣ шудааст. Барои риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад.

Ӯзбекистон нахустин кишвари минтақа нест, ки чунин мамнуият ҷорӣ мекунад. Қаблан Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ истифодаи сигорҳои электронӣ ва монанд ба онҳоро манъ карда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД