Ҳамал (21 март-19 апрел)
Дар муносибатҳои ошиқона каме сардӣ эҳсос мешавад. Барои барқарор кардани гармӣ сафар ё мулоқоти ошиқонаро ба нақша гиред. Маслиҳати наздикон ба шумо кумак мекунад, ки ба зиндагӣ аз нигоҳи нав нигаред. Рӯзи хуб барои муоширати корӣ аст: метавонед одамони таъсиргузорро ба нақшаҳои худ ҷалб намоед. Аз харҷу сармоягузории нолозим худдорӣ кунед. Аз оташ эҳтиёт бошед.
Савр (20 апрел-20 май)
Агар муносибати нави ошиқона оғоз мекарда бошед, шитоб накунед. Аввал шарикро хуб шиносед. Манфиати оила имрӯз бояд дар ҷои аввал бошад. Дар кор вақти зиёд ба гуфтугӯҳо меравад, аммо натиҷа кам мешавад, бинобар ин ба супоришҳои муҳимтар диққат диҳед. Имкони бастани созиши судманд вуҷуд дорад. Иваз кардани ҷойи кор иҷозат аст. Аз изтиробҳои беасос дурӣ ҷӯед ва бо ақли солим қарор қабул намоед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз мехоҳед бо намуди зебо ва услуби ҷолиб диққати дигаронро ҷалб кунед ва муваффақ мешавед. Рӯз барои мулоқот бо дӯстон ва наздикон хеле мувофиқ аст. Метавонед онҳоро бо таоми болаззат шод гардонед. Иваз кардани ҷойи кор ҳоло мувофиқ нест, беҳтараш дониш ва малакаи касбиро такмил диҳед. Барои корҳои молиявӣ рӯзи мусоид аст. Аз андешаҳои манфӣ канорагирӣ кунед, фикри нек ба саломатӣ фоида меорад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Ишқбозии сабук ё ошиқии кӯтоҳмуддат имконпазир аст, ки зуд мегузарад. Давраи хуб барои муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ фаро мерасад. Масъалаҳои рӯзгор халал намерасонанд. Дар рӯзҳои наздик масъулиятҳои нав ба дӯш нагиред, аввал корҳои ҷамъшударо анҷом диҳед. Мушкилиҳоро ҳамчун санҷиши тақдир қабул намоед. Амалҳои нек бе мукофот намемонанд. Барои барқарор кардани нерӯ сайругашт бисёр муфид аст.
Асад (23 июл-22 август)
Баҳс бо намояндагони ҷинси муқобил метавонад ба обрӯятон таъсир расонад. Каме сабр ва бузургдилӣ нишон диҳед. Дар хона эҳсосот ноором мешавад, эҳтимоли нофаҳмиҳо ҳаст. Аз таҷрибаҳои нолозим даст кашед, ба таҷрибаи худ такя намоед. Дар касбу кор навовариҳо ҳоло судманд нестанд. Бо сабр ва истифодаи робитаҳо метавонед монеаҳоро паси сар кунед. Фаромӯш накунед, ки истироҳат барои шумо хеле муҳим аст.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Шумо нисбат ба худ хеле сахтгир ҳастед, ин метавонад монеаи оромиву хушбахтӣ шавад. Аз баҳсҳо худдорӣ намоед, зеро ҳатто муноқишаи хурд метавонад ба ҷанҷоли калон табдил ёбад. Дар кор ё муҳаббат душвориҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Бо роҳи дигар ва ё бо кумаки атрофиён мақсадатонро амалӣ кардан беҳтар аст. Лоиҳаҳои мураккабро муваққатан ба таъхир гузоред. Ба ҳаёти шахсӣ бештар вақт ҷудо намоед, тақдир сюрпризҳои худро дорад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз эҳтимол ба ҷашне даъват шавед, ки дар он шахси муҳимро вохӯред. Шоми рӯзро бо наздикон гузаронед. Аз суханони тез дар ҳолати эҳсосот худдорӣ намоед. Аввал андеша, баъд гуфтор гуфтаанд. Андешаҳои нав бештар ба беҳбуди вазъи молӣ равона мешаванд. Муоширати самимӣ бо наздикон ба оромии равонӣ кумак мекунад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз эҳсосот хеле шиддатнок мешаванд ва суханони беандеша метавонанд ба ҷанҷол оварда расонанд. Дар муҳаббат ва оила боэҳтиёт бошед. Бо калонсолон муноқиша имконпазир аст. Агар худро идора кунед, метавонед ба созиш бирасед. Ба касе бовар накунед, ба ҳисси ботинии худ такя намоед. Аз таваккали молиявӣ дурӣ ҷӯед. Фаъолияти зиёд метавонад хастагӣ оварад. Ба ғизо диққат диҳед ва ҷисмро аз ҳад зиёд хаста насозед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Шахси дӯстдоштаатон имрӯз нисбат ба шумо меҳрубонтар мешавад. Бо рафтори хуб ӯро хурсанд намоед. Суҳбати самимӣ бо наздикон муносибатҳоро қавӣ мегардонад. Қобилияти муошират калиди муваффақияти шумост, онро рушд диҳед. Агар диққататонро ҷамъ кунед, имкониятҳои хубро аз даст намедиҳед. Тақдир ба шумо шонс медиҳад. Ба саломатӣ, хусусан фишори хун аҳамият диҳед ва доруҳоро омода нигоҳ доред.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Дар ҷодаи муҳаббат гуфтугӯҳои душвор имкон доранд. Бо дилу нияти кушода рафтор кунед, ин ба барқарор шудани оромӣ кумак мекунад. Дар ҷои кор шахси мансабпараст пайдо мешавад, эҳтиёт бошед. Рӯз барои муроҷиат ба роҳбарият ё муассисаҳои расмӣ мусоид аст. Ба корҳои нав ва ҳатто таваккалӣ оғоз кардан мумкин. Каме нороҳатии ҷисмонӣ эҳсос мешавад, агар имкон бошад, истироҳат кунед ва барои шуғли дӯстдошта вақт ҷудо намоед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Бо шумо баъзан муомила кардан осон нест, вале шарикатон ин хислати шуморо мебахшад. Шомгоҳон дар касбу кор муваффақ мешавед ва метавонед дигаронро бо идеяи худ ҷалб кунед. Дар муносибат бо наздикон фаъолтар бошед. Дар ин рӯз ҳатто корҳои душвор осон ҳал мешаванд. Ба тағйироти мусбат бовар кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз хатари нофаҳмӣ бо шахси наздик вуҷуд дорад. Барои пешгирии ҷанҷол муоширатро кам кунед. Ба гузашта зиёд барнагардед, роҳи пешрафт танҳо ба пеш нигаристан аст. Барои гуфтушунид ва бастани шартномаҳо рӯзи номусоид аст. Дар корҳои молиявӣ эҳтиёт кунед, эҳтимоли дуздӣ низ ҳаст. Аз хӯроки вазнин ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Ронандагон бояд бисёр бодиққат бошанд, зеро хатари садама ё муноқиша дар роҳ вуҷуд дорад.