Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз эҳтимол зуд асабонӣ ва таҳаммулнопазир мешавед. Барои оромии равонӣ, тағйири намуди зоҳирӣ ё харидани либоси нав хеле кумак мекунад. Агар бо падару модар камтар дидор медида бошед, кӯшиш кунед бештар дар робита бошед. Муносибатҳои оилавӣ тадриҷан беҳтар мешаванд. Ҳар кореро бодиққат санҷед, бахусус агар бо пул сарукор доред. Қарз нагиреду қарз надиҳед. Варзиши сабук ба саломатӣ фоида дорад.
Савр (20 апрел-20 май)
Дар ҳаёти ошиқона давраи ором ва созанда оғоз меёбад. Муносибатҳои қаблӣ устувор мешаванд, шиносоиҳои нав бошад, эҳсосоти гуворо меоранд. Шомгоҳон барои истироҳат ва муошират бо аҳли оила вақти хуб аст. Кӯшишҳоятон барои рушд бенатиҷа намемонанд. Мушкилиҳои молӣ муваққатӣ ҳастанд. Эҳтимоли пайдо шудани кори нав ё манбаи даромади беҳтар вуҷуд дорад. Табобат бо гармӣ ба шумо манфиат меоранд.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз муҳаббат, меҳрубонӣ ва ғамхорӣ дар рафторатон бештар мешавад. Мулоқот бо дӯстони дерина ё қабули меҳмонон фазои хонаро мусбат мегардонад. Роҳбарият заҳмати шуморо қадр мекунад ва метавонад кори масъул пешниҳод намояд. Дар сурати муваффақ шудан, пешрафти мансаб имконпазир аст. Даромади ногаҳонӣ низ мумкин аст. Агар мушкили саломатӣ дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз метавонед шахси дӯстдоштаатонро бо таваҷҷуҳ ва эҳсосоти нав хурсанд созед. Ба ҳолати рӯҳии худ аҳамият диҳед, зеро он ба муносибатҳо таъсир мерасонад. Аз нишон додани истеъдодҳоятон натарсед. Ҳодисае рух медиҳад, ки қаблан шуморо нигарон мекард, аммо анҷомаш мусбат мешавад. Дар масъалаи молӣ эҳтиёткор бошед. Ба саломатӣ диққат диҳед. Истироҳат ё сафар ба барқарор шудани нерӯ кумак мекунад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз муҳаббататон қавитар мешавад ва шумо ҷуръат пайдо мекунед, ки қадами аввал гузоред. Дар муносибатҳо нофаҳмии хурд имконпазир аст, вале бо оромӣ ҳал мешавад. Корҳои муҳимро аз субҳ оғоз кунед. Аз қарз гирифтан худдорӣ намоед. Рӯзи пурбори равонӣ аст, бинобар ин асабоният эҳсос мешавад. Кӯшиш кунед байни кор ва истироҳат тавозун нигоҳ доред, то саломатӣ осеб набинад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ҷодаи муҳаббат фаъолият нишон додан ба фоидаи шумост. Барои оиладорҳо масъалаҳои рӯзгор пеш меоянд, эҳтимол бо қарз ё уҳдадориҳои молӣ вобаста бошанд. Кор ба шумо даромади устувор ва имкони болоравии мансаб медиҳад. Харидҳои гаронбаҳои беандешаро ба таъхир гузоред. Ба саломатии дил ва рагҳо диққат диҳед. Машқҳои ҷисмониро бо эҳтиёт анҷом диҳед. Истироҳати кофӣ барои шумо муҳим аст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона тағйироти ҷиддӣ нест, аммо вохӯрӣ метавонад хотирмон шавад. Рӯз шуморо ба шитоб водор мекунад, бояд ба суръати нав мутобиқ шавед. Пеш аз оғози корҳои нав, масъалаҳои кӯҳнаро ҳал намоед. Аз ҷиҳати молӣ мушкил нест, вале ҳасудон метавонанд монеа шаванд. Субҳ каме машқ кунед, аммо буғумҳоро зиёд фишор надиҳед. Эҳтиёткорӣ саломатиро ҳифз мекунад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Рӯз барои нигоҳубини зоҳир ва оғози машқҳои ҷисмонӣ мувофиқ аст. Барои мулоқоти ошиқона ва ҷустуҷӯи ҳамсафар фурсати хуб аст. Аз баҳс ва муноқиша худдорӣ намоед, зеро зарар бештар ба шумо мерасад. Муҳити бароҳат барои кор ва зиндагӣ эҷод кунед. Хароҷот дар назар аст, вале онҳо банақшагирифта мешаванд. Бемориҳои сабук зуд мегузаранд. Ба хобҳо аҳамияти зиёд надиҳед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Рӯйдоди муҳиме наздик мешавад ва метавонад шуморо каме сардаргум кунад. Ба шарик таваҷҷуҳ зоҳир намоед, то ранҷиш пайдо нашавад. Суханҳои тез метавонад оқибати нохуш оварад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Масъалаҳои молиро бо маслиҳати дигарон ҳал кунед. Асабоният ва хастагӣ зиёд мешавад. Ба саломатӣ диққат диҳед ва стрессро кам кунед, зеро он сабаби бисёр нороҳатиҳост.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Пеш аз қабули ҳар пешниҳод ҳамаи ҷиҳатҳоро бодиққат баррасӣ намоед. Имрӯз асабоният эҳсос мешавад, аммо нигоҳубини худ ё тағйири симо рӯҳияро беҳтар мекунад. Шахси калонсол метавонад шуморо дастгирӣ намояд. Ба обрӯи худ аҳамият диҳед. Ба зудӣ пешниҳоди фоидаовари корӣ мегиред, ки ба рушди касбӣ таъсир мерасонад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмии хурд рух дода метавонад, эҳтимол ба шумо каме танаффус лозим аст. Бо наздикон баҳсҳоро зуд ҳал кунед. Барои ташаббус вақти мувофиқ нест, ҳамкорон шуморо пурра дастгирӣ намекунанд. Вазъи молӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Дар хона тағйироти хурд анҷом медиҳед. Рӯз барои гиёҳдармонӣ ва усулҳои халқии табобат мувофиқ аст. Истироҳати ором ба фоидаи шумост.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз аз рафтори шумо ояндаи муносибатҳо вобаста аст. Орому боандеша бошед. Корҳоро ба таъхир нагузоред ва фавран ба ҳалли масъалаҳо шуруъ кунед. Ба ҷузъиёти хурд диққат диҳед, онҳо аҳамияти калон доранд. Аз дӯст ё ҳамкор маслиҳати муфид мегиред. Рӯзи хуб барои харид ва фароғат аст. Бо вуҷуди ин, сафарҳои дурро ба вақти дигар гузоред ва бо аҳли оила бошед.