Formula novemver 2024
Бахти бадном
2419

Кампири Зайнаб аз дори дунё як писар дошт, ҳамсараш чӯпон буду зери тарма монд. Ҷавонзани бистсола дигар ёди шавҳар накард, зеро худаш пеш-пеши пойи падарандар калон шуда буду азоби хонаи падарандарро хуб медонист.

Бечора модараш шабу рӯз кор мекард, то чор духтари гургсифати шавҳар ӯ ва духтаракашро тайёрхӯр нагӯянд, аммо сағираи бесоҳиб гӯён, як мушт дар сари саги пири дари ҳавлӣ буду як мушт дар сари ятимаки бечора. Модари Зайнаб низ сағираи дар ба дари тағоҳо буд.

Аз ин рӯ, вақте шавҳараш ту духтарзо гӯён, ӯро бо тифли навзод аз хона ронд (гӯё баъди духтар дигар писар ба дунё намеомад) ӯро зани тағояш ба амаки занмурдааш, ки чор духтар дошт, ба занӣ дод. Зеро дигар дар хони бобову бибӣ ба вай ҷо набуд.

Ҳамсояи падарандараш бо модараш дугонаҳои ҷонӣ буданду Зайнабро меҳрубонӣ мекард, ин зану шавҳари камбағал як писар доштанд, ки ҳамроҳи падараш чӯпон буд. Ҳарчанд, ки падарандару духтаронаш хоҳиш надоштанд, аммо модар духтаракашро баъди хатми синфи нӯҳ бо як коса об никоҳ карда, ба писари дугонааш дод.

 Баҳори бахт 

Шавҳараш Маҳмуд Зайнаб ҷавони қоматбаланди бо тану туш ҳамроҳи падараш чӯпонӣ мекард ва ҳамсарашро гоҳ-гоҳе ба кӯҳсорон ҳамроҳаш мебурд. Зайнаб духтари сафедпӯсти зардинамӯйи кабудчашм хеле зебо буд. Хусуру хушдоман ба ҷонаш бечора буданд, вақте Зайнаб ҳомиладор шуд, хушдоманаш намегузошт, ки ӯ даст ба косаи тар занад. Ҳамин тавр Умарҷон ба дунё омад ва сари Маҳмуд аз ин ҳадяи парвардигор ба осмонҳо мерасид.

Модари Зайнаб ҳамоно хизмати падарандари дағал ва чор пирдухтари расвои ӯро мекард. Духтаронаш шавҳар карда рафтанду боз бо як кӯдакӣ гашта, ба хонаи падар омаданд. Онҳо рӯз то бегоҳ ҳар гуна майда чӯйда ва либосҳои занона гирифта, хона ба хона мефурӯхтанду ду кӯдаки хурдсол дар каштали модари бечораи Зайнаб буданд.

Бечора Гулисо вақте намеёфт, ки омада набераи худро бубинад. Афсӯс, ки бахти сағирадухтар мисли баҳор будаасту бачааш Назир сесола шуда буд, ки шавҳараш таги тарма монда, ҳамроҳи хусураш ҳалок шуд. Зайнаб дар хонаҳои худсохту сабзу хуррами хусураш бо хушдомани ғамзадааш монд ва дигар ёди шавҳар накард. Хушдоманаш келинашро зорӣ мекард, ки ягон нафарро ёфта, дар ҳамин хона никоҳ карда гирад, умрашро сарфи танҳоӣ накунад, аммо Зайнаб як гап дошт.

Дили раиси ҷамомат, ки хеле зани дилсӯз буд, ба ҳоли келинчаки танҳо сӯхту ӯро дар як ошхонаи маркази ноҳия ба ҳайси ёрдамчии ошпаз ба кор таъмин кард. 

Ризқрасон 

Зайнаби хушахлоқи меҳнатӣ ба ҳама забон меёфт, акнун ӯ ризқрасони оила ба шумор мерафт. Хӯроки онҳо аз ҳисоби нону хӯрокҳои зиёдатии ошхона буду боқимонда ёфту тофташро ҷамъ мекард. Мехост писарашро сазовор ба воя расонида, соҳиби ҳама чиз гардонад. Писари Зайнаб Амирхоҷа ба воя расид, донишгоҳро хонда муаллим шуд, ҳарчанд хушдоманаш тӯйи набераи ягонаашро надида бошад ҳам, аз келинаш ризо оламро падруд гуфт. Дар ин миён падарандараш ҳам аз олам гузашт ва Зайнаб модарашро ба хонааш овард, бечора Гулсимо дар умраш бори аввал нафаси озод мекашид. Духтарони шавҳараш намехостанд модарандари меҳнатияшон аз наздашон равад ва бо Зайнаб ҷангу ароз ҳам карданд, аммо бефоида…

Писари Зайнаб мактабро бо баҳои хубу аъло хатм карда, ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуду ба ҳайси муаллим дар мактаби зодгоҳаш ба кор оғоз кард. Писари хушхулқу қоматбаланди зебои Зайнаби худфидо Умарҷон домоди серхаридор буд ва худи директори мактаб духтарашро ба ӯ дод. Аз ин пайванди зебо шаш фарзанд ба дунё омад, баъди панҷ писар духтараки деринтизори хонавода Баноз ба дунё омад. Зайнаб, ки омадани духтарнабераашро хеле интизорӣ мекашид, ба вай Баноз ном гузошт. Вақте кампири модараш аз ин норизоӣ баён кард, ӯ бо ханда гуфт:-Духтаи ман баноз-баноз омадааст, ба ҳамин хотир номаш Баноз. Кампири Гулсимо рӯйи дастони духтараш ҷон ба ҷонофарин супорид, ӯ ҳамеша ба Баноз нигариста мегуфт, ки Худо ин қадар ҳуснаш додаасту бахташ ҳам диҳад, аммо...

Давом дорад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД