Sebiston new 2024 october
Бахт аз хонаи бесоҳибон (ҚИСМИ 2)
1870

Ман ҳам баробараш мегиристам, зеро дар рў ба рўям ҳамқисмати ман меистод.

- Номи шумо чист?,- пурсидам аз ў.

- Номам Гулнор,- бо умед ба ман нигариста, гуфт духтар ва ман ба ў гуфтам:

- Биё, ба хонаи ман меравем…

Се рўз баъд аз ин воқеа, тўяки оддие карда, Гулнорро ба занӣ гирифтам. Писараку духтараки нозанинамон самари ин издивоҷ аст, занамро аввал ба коллеҷҷи тиббӣ, баъд ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кардам. Дар зиндагӣ танқисие надорем, зуд зуд ба хонаҳои пиронсолон ёрӣ мерасонем. Ҳарду кор мекунем…

Фарзандонамон калонак шудаанд, вале ҳамеша ба мо мегўянд, ки чаро ҳама бибӣ доранду мо не? Апаҳои ман зуд-зуд меҳмон мешаванд, аммо Шоҳину Шаҳноз онҳоро амма мегўянд, ман то ҳол ба деҳа нарафтаам, занам ба хабаргирии апаҳоям меравад. Моиндари ману Гулнор бо узр пушти дарамон омаданд, аммо шахсан ман онҳоро набахшидам. Аз рўйи шунидам, Гулнор ба онҳо пинҳонӣ аз ман ёрии моддӣ мерасонад.

Як рўз ба хонаи бесоҳибон кумак бурдаму он ҷо пиразанеро дидам, ки нав оварда буданд, аз қишлоқ буданаш маълум шуда меистод. Наздаш рафта, хеле суҳбат кардам, чун сабаби сокини ин ҷо шуданашро пурсидам, бо алам гуфт:

- Писари ягонаамро баъди марги падараш танҳо ба воя расонидам. Ў ба ман хеле меҳрубон буд, аммо ошиқ шуду умуман аз қолаби инсонӣ баромад. Мехостам писари ягонаамро ба духтари хоҳарам хонадор кунам, аммо ўро аз раъяш гардонда натавонистам ва ў ба як духтари безоту бенасаб хонадор шуд. Келин аз рўзи аввал маро бад дид, рўзи дароз хоб мерафт ва аз як эроди оддии ман ҳавлиро ба сараш мебардошт. Ба тақдир тан додаму дигар ба ў чизе намегуфтам, писарам тамоми пули ёфтаашро нисори занаш мекарду ҳамин, ки аз кор омад, давида ба хонаи хобаш медаромад. Ман худро танҳои танҳо эҳсос мекардам, ҳамаи ин кам буд, ки…

Як рўз дидам, ки келинам сигор мекашад, ҷангаш кардам, ки наход зан сигор кашад? Барои мани деҳотӣ ин даҳшат буд, вале келинам косаи дар пешаш бударо сўям ҳаво доду сарам кафид. Писарам бегоҳ омада, маро бо сари кафида дида бошад ҳам, оча, бас кун актёриятро,- гўён, пайи кори худаш рафт. Аз қаҳр хестаму ҳамин ҷо омадам, на ҳуҷҷатҳоям дурустанду на чизи дигар, бечора сарвари инҷо аз рўи дилсўзӣ маро ҷой дод.

Ҳамон рўз бо ризоияти худаш кампири Бисороро ба хонаам овардам ва ба кўдаконам гуфтам, ки барои шумо бибӣ овардам. Бо омадани ин пиразани нуронии пурҳунар хонаи ман тамоман нуру сафо гирифт. Кўдаконам дар гирдаш парвона буданд, Гулнор аз наздаш дур намешуд. Оҳиста-оҳиста очаамон бо мо унс гирифт, мо ўро аз ҷони ширинамон зиёдтар дўст медоштем ва баъди шаш моҳ писараш пайдо шуд. Аминҷон пеши пойи модар афтода, узр пурсиду гуфт, ки аз занаш ҷудо шудаасту ҳар чӣ модараш хоҳад, ҳамон мешавад, аммо кампир писарро набахшид. Акнун Аминҷон ману занамро зорӣ мекард, ки як бало карда, дили модарашро ёбем, ман Аминҷонро ҳамроҳам ба кор гирифтам. Писари бад набуд.

Ў ба хотири модар хонаву дари деҳаашро фурўхта, дар шаҳр хона харид, дили модар дунёст ва очаи мо ҳам аз гуноҳи писари ягонааш гузашт. Имрўз Аминҷон дасти рости ман асту мо ўро аз нав хонадор кардем, очаамон бештар дар хонаи мост, ў сутуни дили ману фарзандонам аст.

Ҳамин тавр, ман аз хонаи бесоҳибон модари худро ёфтам…

АЗИЗ

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД