Formula novemver 2024
Бачаи мардум ба модарам писарӣ накард
1173

 Салом! Дар урфият мегӯянд:

Фарзанди касе намекунад фарзандӣ,

Гар тавқи тилло ба гарданаш барбандӣ.

Ҳақиқат доштани ин гуфтаҳоро ман дар мисоли тақдири модарам дарёфтам. Мо дар оила 6 духтар ҳастем. Падарам модари бечораамро барои пай дар пай чанд духтар таваллуд карданаш талоқ дода, зани дигар гирифт ва аз ҳамсари наваш соҳиби ду писар гашта, моро тамоман фаромӯш кард. Модарам ҳаёташро ба мо-духтаронаш бахшида, дигар ба шавҳар набаромад, ҳарчанд, ки ҷавон буд ва талабгорони зиёде ҳам дошт. Маълумоти олӣ, ки дошт, кор карда, худаш моро мехӯронду мепӯшонд ва гули чизро бароямон харида, намегузошт, ки аз чизе танқисӣ кашем ва бе падар будани худро эҳсос намоем, вале як гӯшаи дили модарам барои писар надоштанаш ҳамеша сиёҳ буд.

Билохира модари ташнаи писарам як кӯдаки тамоман бегонаро, ки падару модараш аз баҳраш гузашта буданд, ба фарзандӣ гирифт. Акнун мо-чор духтари худаш як тараф будему писари бодоварди модарам як тараф, вай тамоми ҳастиашро ба ин писарча бахшида, намемонд, ки ба пояш хоре халад. Мо ҳам додарчаамонро бениҳоят дӯст медоштем ва чун нури чашмони худ эҳтиёт карда, тоҷи сар менамудем. Модарам писархондашро бо меҳру муҳаббати бепоён калон кард ва тамоми пасандозашро сарф карда, ба донишгоҳ дохил намуд, хононд, зан дод, соҳиби касбу кор ва як йигити чор кас медидагии пулёбу бообрӯ гардонд, аммо баъдан ин бачаи бесоҳиб якбора соҳибдор шуд. Падару модараш, ки дар кӯдакӣ аз баҳраш гузашта буданд, аз куҷое пайдо шуда, ба додарам гуфтаанд, ки ин зан модари аслии ту нест. Додари кӯрнамакам ин гапро шунида, қиёматро қоим кард ва аз модарам, ки ӯро бо хуни ҷигар калон карда, тамоми ҳастиашро бахшида буд, рӯй гадонда, аз хона баромада рафт. Албатта мо шаш духтараш намемонем, ки модарам ягон мушкилӣ кашид, вале рафтори носипосонаи писархонди модарам, ки ҷонамонро барояш дареғ намедоштем, мисли як захми носур дар қалбамон боқӣ мондааст.

Мунира, сокини шаҳри Хуҷанд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД