Лӯлиёнро дар тамоми ҷаҳон ҳамчун қавми талбанда мешиносанд. Барои ҷӯгиҳо ин ор нест, зеро дар ба дари мардум гаштан русуми аҷдодии ин қавм мебошад. Албатта дар байни лӯлиён низ дамони сарватманд ҳастанд, вале сарфи назар аз он ки сатҳи зиндагиаш чи гуна аст, ҷӯгӣ бояд одати бобоии худро ба ҷо варда, бо умеди он ки шояд касе барояш чизе хайр мекунад, дар ба дари одамон гардад.
Нуриддин Йерқулзода ҳам лӯлӣ аст, вале ин ҷавон баръакси дигар ҳамқавмонаш амал карда, 150 ҳазор сомонии дар муҳоҷирати меҳнатӣ бо сад ранҷу азоб ба даст овардаашро сарфи корҳои хайр намудааст.
Тавре ки Спутник менависад, бародарон Йериқулзодаҳо аз қавми лӯлиён буда, дар деҳаи Ҳаливари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ умр ба сар мебаранд. Нуриддин Йериқулзода аз оилаи миёнаҳоли ҷӯгӣ аст. Ин ҷавони бо нангу номус ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, чанд сол заҳмат кашидааст, вале маблағи ба даст овардаашро барои зиндагии худ сарф накарда, аз пайми ободонии деҳаашон мебошад. Нуриддин 150 ҳазр сомонии дар муҳҷират кор кардаашро ба корҳои хайр сафр намуда, ба деҳаашон хати барқ кашидааст ва роҳи талабаҳоро ба сӯйи мактаб таъмин намудааст.
Нуриддин Йерқулзода мегӯяд, тамоми ранҷу азобе, ки қавми ҷӯгӣ дар тӯли таърихи худ кашидаанд, аз бесаводӣ аст. Ин ҷавони лӯлӣ аз баҳри сохтмони хонаву харидану мошин гузашта, барои деҳаашон хати барқ кашидааст ва роҳи мактабро таъмин намудааст, то бачаҳои ҷӯгӣ таҳсил карда, соҳиби донишу касбу ҳунар гарданд ва ба мисли бобову падарони худ дар зиндагӣ ранҷу азоб накашанд.
Амали неке, ки ин ҷавони лӯлӣ кардааст, шоистаи таҳсил ва пайравӣ мебошад. Агар ҳар як инсон фақат дар бораи худ неву дар бораи одамони дар гирду атрофаш буда низ фикр кунад, олам гулистон мешавад.