Эрик Килберни 16-сола аз иёлоти Мичигани ИМА бо шарофати дасту пойҳои азмиҷусса доштанаш ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст.
Андозаи пойафзоли Эрик 56-57 буда, он аз андозаи миёнаи пойафзоли мардони калонсол, ки аз 42 то 43-ро дар бар мегирад, зиёдтар аст.
Дастони Эрик 23,20 сантиметрро дар бар мегиранд, ки ин андоза дар миёни наврасон калон аст. Аз дигар ҳамсолони худ дар ҷуссаву қаду қомат баландтару калонтар буданашро Эрик дар боғчаи бачагона пай бурда буд. Вақте дар синфи панҷ таҳсил мекард, дар мағоза барои худ пойафзол ва дастпушаки мувофиқ пайдо карда наметавонист.
Бо кумаки модараш Эрик ба китоби рекордҳо дохил гардид ва акнун ду ширкати пойафзолбарорӣ барои ӯ пойафзол тайёр мекунанд.