Formula novemver 2024
Ба Русия назди Алишер равам?
3648


Ману Алишер якдигарро дӯст медорем. Ба хотири пул тӯйро кор кардан ошиқам ба Русия коркунӣ рафт.

Мани дилдода бо дили моломоли орзуҳои ширин баргаштанашро интизорӣ мекашидам, вале падару модараш барои ӯ як арӯси дигар ёфта, фотиҳа кардаанд. Алишер “келини ёфтагии шуморо намегирам” гӯён, телефонӣ бо модараш ҷанг карда бошад ҳам, волидонаш аз аспи ғурур нафаромада агар духтари ёфтагии моро ба занӣ нагирӣ, аз баҳри ту барин фарзанд мегузаремгуфта истодаанд. Алишер байни обу оташ монда чи кор карданашро намедонад. Мегӯяд, ки ман п ул равон мекунам, ту чипта харида ба наздам биё, дар ҳамин ҷо никоҳ ва загс мекунем. Вай боварӣ дорад, ки баъди кӯдакдор шуданамон падару модараш ба тақдир тан дода, маро ҳамчун келин қабул мекунанд, аммо ман дудила ҳастам. Аниқтараш метарсам, ки мардум дар ҳаққам ягон туҳмат бофта аз ҳамон бача ҳомиладор будааст, барои ҳамин аз хона гурехта рафт нагӯянд. Оилаи моро ҳама мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд, намехоҳам, ки аз рӯйи ман шуда, обрӯйи падару бародарам бирезад.


Аз алам чӣ кор карданамро надониста гирён ба хона меомадам. Медонистам, ки он кас аз шавҳарам калон ҳастанд, вале кирми рашк дар дилам хона карда маро дарун ба дарун мехӯрд.


Ҳайрону зор мондаам, чи ки кор кунам, агар наравам, Алишерро аз даст медиҳам, равам, яқин тамоми аҳли авлодам шарманда мешаванд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Маҳина, ш. Ваҳдат

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД