Дар шаҳри Душанбе ба зиёда аз 1000 адад воситаҳои нақлиёт видеорегистратор часпонида шудааст. Ҳадаф аз насб намудани видеорегистратор ба мошинҳо фош намудани ҳолатҳои вайронсозии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, тариқи ин видеорегистраторҳо тамоми ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ба навор гирифта шуда, фавран ин маълумотҳо ба таври автоматӣ ба милитсия ирсол карда мешаванд. Аммо маҳз ба кадом намуди воситаҳои нақлиёт васл шудани видеорегистратор ҳанӯз маълум нест.
Гуфта мешавад, ки дар асоси сабтҳои тариқи видеорегистраторҳо ба даст омада алакай чанд нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт карда шудаанд.
Мақомоти милитсия аз шаҳрвадон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ба қоидашиканӣ роҳ надиҳанд.